ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кӯдакистони «Гулистон» бунёд шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кӯдакистони «Гулистон» ба истифода дода шуд. Кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкор Абдуваққос Нишонов сохта шуда, барои 175 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, саҳми соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии шаҳри Исфара назаррас мебошад. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкори бурунмарзии зодаи Исфара Миразиз Усмонов зиёда аз 5 км роҳҳои дохилии деҳоти Кӯлканд ба маблағи беш аз 1 млн сомонӣ пурра асфалтпӯш шуда, масоҳати 1,1 км роҳи кӯчаи марказии деҳа бо харҷи 77 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Ҳамчунон бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Ҷамшед Бузуруков 600 метр роҳи кӯчаи Гузар асфалтпӯш карда шуд. Дар ин радиф, бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Гулистон варзишгоҳи хурди муосир бунёд ва мавриди баҳрабардории ҷавонону наврасон қарор дода шуд.
Ҳоло дар шаҳри Исфара бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, сокинони ҳар маҳалла, шаҳраку деҳот ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо талош доранд ин ҷашни давлатиро бо рӯҳияи тоза пешвоз гиранд.








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






