ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Дар Левакант Парчами давлатӣ бо баландии 41 метр сохта шуд

Сентябрь 10, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон рамзи муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Парчами давлатӣ бо баландии 41 метр сохта шуд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Мансур Юсупов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки айни замон ободонии атрофи парчам бо саҳми тамоми кормандони ташкилоту идораҳо идома дошта, масъулин талош доранд ин иншооти ҷашниро ҳарчи зудтар ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарон ва кормандони тамоми корхонаву идораҳои ҳудуди шаҳр ҳамарӯза тариқи ҳашар корҳои созандагию ободонӣ дар тамоми иншооти ҷашнӣ гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант сохтмони  беш аз 90 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, қисме аз онҳо ба истифода дода шудаю корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот босуръат ҷараён доранд.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 10, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд