«Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Тоҷикистон 9 автобуси 8-метра ба фурӯш мебарорад

Сентябрь 28, 2020 10:58

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Мерседес Бенс» иттилоъ додааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон  ва пурра кушода шудани сарҳадҳо ба ширкати «Акиа» муҳаррики автобусҳои 8-метра равона месозад. Баъди равона кардани муҳаррикҳо корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш мебарорад. Ин хушхабар дар ҳолест, ки дирӯз, якшанбеи охири моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ таҷлил гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, муҳаррики автобусҳо аз тарафи ширкати германии «Мерседес Бенс» аввалан ба ширкати «Акиа»-и Ҷумҳурии Туркия таҳвил дода шуда, баъдан ба ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» равона карда мешаванд.

Корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 300 автобус ва соли 2019 148 автобусро ба маблағи 141,7 млн. сомонӣ  ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст. Дар айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

Дар 8 моҳи соли 2020 корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор, ки  бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад,  ба маблағи 9,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда,    4 трактор ва 6  ядак ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намуд. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 трактор ва мошинолоти кишоварзӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дорад.

Рӯзи мошинсозон иди касбии коргарон ва муҳандисони соҳаи   мошинсозӣ буда, саноати мошинсозӣ як бахши бузург ва асосии иқтисодиёти кишварҳои пешрафта  маҳсуб мешавад.

Акс аз бойгонӣ

Сентябрь 28, 2020 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд