Баъди 26 соли интизорӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад

Сентябрь 22, 2020 17:07

ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020  байни  дастаҳои  футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  дар сатҳи баланд  баргузор  гардид. Дар ин вохӯрии ҷолиб  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ»-и  шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб  намуда, баъди  26 соли интизорӣ   ба финали  Ҷоми Тоҷикистон-2020  роҳ  ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар медиҳад.

Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  пагоҳ,  23  сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Дастаи  мизбон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10  октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

Имсол ҷадвали мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар марҳила аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, он гоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегарданд. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум хоҳад кард.

15 сентябр   бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол ба анҷом расида буданд. Дар баробари дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  «Локомотив-Помир»  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼- ниҳоӣ

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад (Умедҷон Бадалов, 83), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷон Фаррухзод (Сайидхони Амрохон, 81), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 74), Наврӯз Рустамов, Далер Чолов (Сиёвуш Назирмадов, 74), Музаффар Назаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Марко Милич, Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров, Ромиш Ҷалилов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 94).

Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Сайидамири Сайидахмад, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), 71 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

13 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Эсхата» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Сорбон Авғонов, 32.

«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Умедҷон Одинаев, Амирҷон Ҳомидов, Дилшод Каримов, Боҳирҷон Сангинбоев (Абдураҳмон Узоқов, 71), Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 62), Иброҳим Эшонхонов (Амирҷон Раҳимов, 71), Фирдавс Икромбеков (Ҳумоюн Азимов, 62), Ҷӯрабой Исоев (Рустамҷон Сабуров, 56), Мубинҷон Муъминов.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Саидшо Бозоров, Муҳаммадҷон Насков (Фирдавс Алиназаров, 90+5), Тони Бикатал (Сафиоллоҳи Назарзода, 28), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов (Мфуапон Аласса, 78), Худойдод Узоқов (Суннатулло Исмоилов, 78), Парвиз Боқӣ-Охунов.

Огоҳӣ гирифтанд: Боҳирҷон Сангинбоев, Дилшод Каримов («Эсхата»), Саидшо Бозоров («Хатлон»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

15 сентябр (сешанбе)

 «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»  2:4

Голҳо: Шавкати  Ҳотам, 14 (0:1). Эмомали Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати  Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати  Ҳотам, 63 (2:3). Иброҳим Зокиров, 90+2 (2:4).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

«Истаравшан» – «Кӯктош» 5:4

Голҳо: Мбеке  Диудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (вратарь). Беҳруз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашурмамадов – 5:4.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

22-юми сентябр (сешанбе)

 «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» 1:0

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

23-юми сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хатлон» – «Истаравшан»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Финал

10-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Дастаи    «Равшан»/ бо ғолиби ҷуфти нимфинал «Хатлон»/«Истаравшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Сентябрь 22, 2020 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии Йога ҳамоиши варзишӣ доир гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2025 бо се медали таърихӣ баргашт
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО–2025. Темур Раҳимов медали сеюмро барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба даст овард
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) тими олимпии Ҳиндустонро мағлуб кард
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛИ КӮДАКОНА. Дар Тоҷикистон соли 2024 беш аз 75 000 кӯдакону наврасон ба футбол ҷалб карда шуданд
Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ 15 медал ба даст оварданд
Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби Ҳиндустон бозии дӯстона доир мекунад
Паҳлавонони шинохта Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо намояндагӣ доранд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 мубориза мебарад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад
Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Душанбе баргузор мешавад