Беш аз 200 нафар ҷавонони шаҳри Турсунзода: Барои хизмат ба Ватан омодаем!

Сентябрь 21, 2020 11:45

ТУРСУНЗОДА, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200 нафар ҷавонони шаҳри Турсунзода бо муҳаббати беандоза нисбат ба марзу буми Ватан ба таври ихтиёрӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуда, омодагии худро баҳри шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Дар ин бора  котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар фазои тантанавӣ   номаи сипоси  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷиткистон, генерал- полковник Шералӣ Мирзо  ба 20 нафар волидоне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати Модар-Ватанро идома дода истодаанд, супорида  шуд.

Дар номаи мазкур омадааст, ки «роҳбарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо барои тарбияи хуби фарзандатон, ки мо дар симои ӯ ҳимоятгари ҳақиқии Ватанро мебинем, изҳори миннатдорӣ менамоянд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуршараф ва кори мардони ҳақиқӣ мебошад. Фарзанди Шумо бо интизоми хуби ҳарбӣ, хизмати софдилона ва ҳушёрию далерӣ, бешубҳа, номбардору ҳимоятгари содиқи Ватан мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Шумо барои тарбияи чунин фарзанди ҳушёру қобил ва пурмасъулият арзи сипос менамоем».

Дар ҳамоиш, ки беш аз 200 нафар ҷавонон ва падару модари онҳо иштирок доштанд, номаи сокини деҳаи Ширкенти Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода Мирзоалӣ Беҳдилов ба писари сарбозаш- сержанти хурди қисми ҳарбии 87740  Усмоналӣ Аҳроров хонда шуд, ки дар он чунин омадааст:

«Салом шерписари падар, сарбози Ватан, сержанти хурд дар қисми низомии 87740 УСМОНАЛӢ! Имрӯз барои ман яке аз хушбахттарин рӯзҳои зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Зеро барои хизмати шоиста, тарбияи хуб, ҳушёрию далерии ту дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо  ба  ман  дар фазои тантанавӣ номаи миннатдорӣ супорида шуд.

Медонӣ, паҳлавони падар, вақте ман ба майдон барои гирифтани номаи миннатдорӣ  баромадам, шодиву ҳаяҷон ва ифтихори ман беинтиҳо буд, эҳсосоти гуворое қалби маро пахш намуд, ки барои тасаввури он қалам оҷиз аст. Он лаҳза садои диламро мешунидам ва кафкӯбиҳоро… Медонӣ писарам Усмоналӣ, чӣ қадар  ифтихорам беинтиҳо буд…

Шукри Худованди бузург ва шукронаи сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллатро мекунам, ки  Ватани азизи мо тинҷу обод аст. Фарзандони мо дар шароити хубу мусоид дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи имонӣ, фарзандӣ ва шаҳрвандӣ адо менамоянд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуршараф ва кори мардони ҳақиқӣ буда, Ватан  дар симои ту ҳимоятгари ҳақиқиро мебинад.

Усмоналӣ, фарзанди азиз! Ин боварии Ватанро доим сазовор буда, хизматро содиқонаву софдилона бо масъулияти баланд ва  ҳушёрию далерӣ идома дода, номбардору ҳимоятгари содиқи давлат бош!».

Сентябрь 21, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд