БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН! Изҳороти варзишгарони Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2020 08:16

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мо,  варзишгарони соҳибмиллату соҳибдавлат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб бо ифтихору сарфарозӣ ва эҳсоси беандозаи ватанпарастӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Чунин омадааст дар изҳороти варзишгарони Тоҷикистон дар робита ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи ИҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ворид шуд.

Дар зер матни пурраи изҳорот пешниҳод мешавад.

Мо, насли ояндасози Ватан, пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки Роҳнамои мо, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми азму кори хеш ба неруи тавонбахши ҷавонону варзишгарони мамлакат такя намуда, баҳри ҳалли мушкилоти онҳо дар густариши ҷомеаи муосир тадбирҳои судманд меандешанд.

Ин амали ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷавонони саодатманди мамлакат  Паём медиҳад, ки «ман ба имрӯз ва фардои Шумо эътимод дорам ва ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дар каноратон ҳастам».

Мо, ҷавонон ва варзишгарони мамлакат ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат гуфтанӣ ҳастем, ки мо Шуморо рамзи мустақилияти давлат, ҳамчун як падидаи сиёсиву ҳуқуқӣ, нишони пойдориву бардавомии давлатдории тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мепиндорем.

Дар партави сиёсати дурандешонаи ин шахсияти поктинат, фаъолнокии ҷавонон дар роҳи мубориза алайҳи ноадолативу нобаробарӣ чун пайравони асили Пешвои миллат баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва садоқат ба Ватан бараъло эҳсос гардида, комёбии варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз дастгириҳои олию ҳамешагии Пешвои тоҷикони дунё ба даст омадааст.

Мо ҷавонону варзишгарони мамлакат ба ин Ватан содиқ будан, инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштан, манфиатҳои миллатро аз ҳама боло гузоштан, дар роҳи саодати мардум худро фидо карданро аз Пешвои муаззами миллат омӯхтем. Зеро мо, ҷавонону варзишгарон пайравон ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии созандаи Пешвои миллатем!.

Имрӯзу ҳама рӯз мо хуб медонем, ки қувваи мо дар якдиливу ягонагии мост!  Аз ин рӯ, мо, ҷавонону варзишгарон, дасти ҳам гирифта, ин Ватанро обод мекунем, дар роҳи ҳифзи хоки поки он агар лозим ояд, ҷони худро фидояш месозем. Сарсупурдагиву хизмати содиқонаро рисолати фарзандии худ қарор дода, роҳи пуршарафи Пешвои муаззами миллатро идома медиҳем.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки мо ҷавонон бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ менамоем ва бо пайравӣ аз Пешвои миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм мегузорем.

Бинобар ин, ба хотири таъмини амнияти солимӣ, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии осоишта ба ҳар сокини мамлакат, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтиромона аз номи тамоми варзишгарони мамлакат  номзади пешбаринамудаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботии навбатии дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.

Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат ба пеш!».

Сентябрь 11, 2020 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ал-Наср»-и Криштиану Роналду дар як гурӯҳ қарор гирифт
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ДУЮМИ ОСИЁ-2025/26. Имрӯз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалиро дар Индонезия бо мусовӣ оғоз кард
Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд