Чемпионатҳои Осиё оид ба футбол байни наврасону ҷавонон бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2020. /АМИТ «Ховар»/ 10 сентябр ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуда, дар он якчанд қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Аз ҷумла, ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор карда шуд, ки чемпионатҳои Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон ба соли 2021 гузаронида шаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Кумитаи иҷроияи КФО, ки ҷаласааш ба таври онлайн доир гашт, иқрор шуд, ки пандемияи COVID-19 имкон надод мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд моҳи ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон сурат мегирифт, акнун 2-13 декабри имсол дар Кувайт баргузор мешавад.
«Бо дар назар гирифтани тадорукот ҷиҳати ҳамоҳангии панҷ минтақаи Ҷоми КФО, инчунин ба анҷом расидани мусобиқаҳои маҳаллӣ дар аксар кишварҳо кумитаи иҷроияи КФО розӣ шуд, ки идомаи Ҷоми КФО-2020 баргузор нашавад», — хабар додааст сомонаи расмии КФО.
Акнун дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи Ҷоми КФО-2020 як бозӣ анҷом дода буданд, имсол дар мусобиқаи дуюми бонуфузи клубҳои Осиё ширкат намекунанд.
Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки Анҷумани 30-юми КФО 9 декабр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия ба таври онлайн доир карда шавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






