Дар ҷаҳон 38 миллион шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба қайд гирифта шудаанд

Сентябрь 25, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввали соли 2020 дар ҷаҳон 38 миллион шахсони бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) зиндагикунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 1,7 миллион шахсони соли 2019 сироятшуда мебошанд. Мутобиқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ, танҳо 81%- и шахсони сироятшуда оид ба бемории худ огоҳӣ доранд. Ин нуктаро 23 сентябр директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО» Рустам Нуров зимни  ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Ба зикри номбурда, Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба  мушкилии асосии аҳли сайёра табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилӣ бетараф нест.

«Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оид ба пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯбаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд. Ҳоло дар самти муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо қабул ва мавриди амал қарор доранд»,- гуфт Рустам Нуров.

Сентябрь 25, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад