Дар Челябинск китоби Зафар Сайидзода таҳти унвони «История России» ба нашр расид

Сентябрь 11, 2020 16:46

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз чопхонаҳои  шаҳри Челябински Федератсияи Россия  китоби доктори илмҳои таърих, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода  таҳти унвони «История России» ба нашр расид. Ин китоби таълимӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати мустакилона омӯхтани  фарҳанг ва  таърихи Россия  таҳия гардидааст.

Дар ин бора аз Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре зикр шуд, ҳадаф аз таҳияи китоби мазкур   расонидани кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки онҳо ҳангоми гирифтани иҷозати кор дар Россия  барои доштани  маълумоти ибтидоӣ дар   бораи таърих ва фарҳанги ин кишвар тариқи тест имтиҳон месупоранд. Муаллифи китоб бо истифода аз адабиёти  зиёд  кӯшиш ба харҷ додааст, ки  маълумоти асосиро дар бораи  таърих ва фарҳанги Россия ба таври фишурда ва бо забони содаю оммафаҳм  пешниҳоди хонандагон  гардонад. Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо омӯзиши ин китоб ба таври мустақилона дар бораи фарҳанг ва  таърихи Россия дониши ибтидоӣ пайдо намоянд.

Ҳамчунин онҳо метавонанд нусхаи электронии китобро  аз сомонаи Консулгарии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  www.rtsu.tj/ru/ и www.kmt.tj. дастрас намуда, аз он истифода баранд.

Сентябрь 11, 2020 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд