Дар Душанбе коршиносон роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баррасӣ намуданд

Сентябрь 5, 2020 12:22

ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  4 сентябри соли равон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе мизи гирд дар  мавзӯъи «Кори иҷтимоӣ ва масъалаҳои муосири ҷомеа: Нақши сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷамъомад  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед  иброз дошт, ки мақсади иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  соли 2014 тасдиқ шудааст, вобаста ба банди 9 «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳури Тоҷикистон, Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) барои солҳои  2020-2021» дар ин самт даъват ба амал оварда, чунин ҷаласаи муҳимро барпо менамояд.

«Мақсад аз баргузории чорабинӣ дар ин самт – ин пешгирӣ ва аз худ намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила мебошад,-иброз дошт номбурда.

Зикр гардид, ки дар мавриди пешниҳоди хизматҳои ба ҷабрдидагони зӯроварии маишӣ, аз ҷумла  хонаводагӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва фармоиши иҷтимоии давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии  «Дилафрӯз» дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, инчунин «Фемида» дар шаҳри Душанбе, ки дар самти пешгирии хушунати оилавӣ ва ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ  фаъолият намуда истодаанд, хизматрасонии иҷтимоии онҳо тавассути фармоиши давлатии иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012 «Дар бораи тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ» дар баробари дигар категорияҳои осебпазир ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ба шахсони аз ҳар гуна шаклҳои зӯроварӣ зарардида, аз ҷониби кормандони иҷтимоии шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, ки дар 41 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, хизматҳои иҷтимоӣ ҳангоми пайдо шудани зарурат пешниҳод карда мешаванд.

Сентябрь 5, 2020 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад