Дар Душанбе таҳти унвони «Зан ва сиёсат» ҳамоиши омӯзишӣ-машваратӣ доир гардид

Сентябрь 29, 2020 15:03

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бахшида ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳр «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳр таҳти унвони «Зан ва сиёсат» семинари омӯзишӣ –машваратӣ баргузор намуд.

Дар семинари мазкур занону бонувони фаъол аз вазорату идораҳои дахлдор ва ҳизбҳои сиёсии мамлакат иштирок намуда, масъалаҳои иштироки занону бонувон дар рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин санаи муҳимро баррасӣ карданд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки имрӯз саҳми занон дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа хеле назаррас аст ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат занону бонувон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо дар баробари мардон фаъолият доранд.

Узви КМИР Махфират Хидирзода гуфт, ки имрӯз дар қонунгузории интихоботии мамлакат мафҳуми зан-  интихобкунанда, мард- интихобкунанда мавҷуд нест, танҳо як мафҳум аст-интихобкунанда. Моддаи 65-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 2 ва 3 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну сол ва принсипҳои интихоботиро муайян кардааст, фақат мафҳуми интихобкунандаро тавсиф намудааст, яъне шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 расидааст, интихобкунанда шуда метавонад. Ин принсипҳо нишондиҳандаи онанд, ки қонунгузории мамлакат ба масъалаи таъмини ҳуқуқи интихоботии мардону занон нигоҳи якхела дорад. Таҳлилҳои раванди интихобот ва иштироки занон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нишон медиҳанд, ки марҳила ба марҳила сатҳи фаъолияти занон дар интихобот баланд шуда истодааст. Имрӯз зан ҳамчун интихобкунанда, зан ҳамчун интихобшаванда, зан ҳамчун нафаре, ки масъули баргузор намудани интихобот аст, шинохта мешавад.

-Моҳи март дар интихоботи парлумонӣ аз рӯи таҳлилҳое, ки мо гузарондем, вобаста ба сатҳи иштироки занон ба сифати номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси маҳалли вакилони халқ ҳамчунин иштироки онҳо ба сифати аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот нишондиҳандаҳо назар ба интихоботи соли 2015 фарқкунанда  ва назаррас аст. Агар дар интихоботи соли 2015 дар КМИР  теъдоди занон ҳамагӣ 20 фоизро ташкил медода бошад, имсол 28 фоизро ташкил медиҳад. Дар комиссияҳои ҳавзавии интихобот он ба 44,8 фоиз мерасанд. Ин, пеш аз ҳама,  нишонаи фаъолона иштирок намудани занон дар раванди ташкилу баргузор намудани интихобот мебошад,-иброз дошт намояндаи КМИР.

Махфират Хидирзода афзуд, ки “шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28,7 фоиз занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки имрӯз дар раванди ташкилу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон занон фаъолона ширкат варзида истодаанд. Яъне занон чӣ дар ҳаёти ҷомеа ва чӣ дар сиёсат пеш рафта истодаанд ва умед аст, ки дар маъракаи сиёсии дарпешистода низ фаъолона иштирок хоҳанд намуд”.

Дар семинари омӯзишӣ –машваратӣ таҳти унвони «Зан ва сиёсат»  бонувони фаъол андешаҳои худро оид ба иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон таъйин гардидааст, иброз намуданд.

Сентябрь 29, 2020 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид