Дар Исфара ҳамоиши даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара ҳамоиши даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 200 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода зикр намуд, ки раванди омодагӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Исфара бозгӯи он аст, ки воқеан ҳам ҳамасола сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ ме афзояд.
«Дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо хоҳиши хеш ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудани 200 нафар ҷавонон шоистаи таҳсин мебошад»,- афзуд номбурда.
Оятулло Раҳматзода иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои ҷавононе, ки бо хоҳиши худ хизмати ҳарбӣ ихтиёр кардаанд, бархе имтиёзҳо ҷорӣ кардааст.
Аз ҷумла, тибқи қарори раиси шаҳри Исфара 80 нафар даъватшудагон дар филиали Муассисаи муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ройгон таҳсил намуда, шаҳодатномаи ронандагӣ гирифтанд.
Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ба падару модарони ҷавонон миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин амали ҷавонон мояи ифтихори ҳамагон буда, дарси сабақу ҷавонмардӣ ба ҷавонони оянда мебошад.
Дар ҳамоиш ба раиси ҷамоати шаҳраки Нафтобод Маҳина Ишонова барои тарбияи хуби фарзандаш мактуби миннатдории Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо супорида шуд. Инчунин ба хизматчии ҳарбӣ Абдулазизхон Умаров ва ба волидайни як гурӯҳ ҷавонмардони шаҳри Исфара барои хизмати содиқонаи фарзандонашон сипоснома супорида шуд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






