Дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Мо ба озмун тайёрем» маҳфил доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Мо ба озмун тайёрем» маҳфил доир гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини аввали директори Китобхона Салима Раҷабзода аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, зикр намуд, ки истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам оварда, роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳуриро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз намуд.
«Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардида, дар соҳаи китобдорӣ рушду равнақи бесобиқа ёфт. Аз ҷумла баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» дар саросари ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳангу маънавиёт мебошад»,- гуфт номбурда.
Дар маҳфил як гурӯҳ иштирокчиёни озмун порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад.
Озмун аз чор давр иборат буда, моҳи декабр ҷамъбаст мегардад.








Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид






