ДАР НЮ-ЙОРК ИҶЛОСИЯИ 75-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ ОҒОЗ ЁФТ. Дар рӯзи аввали мубоҳисаҳои солона Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ хоҳанд кард

Сентябрь 16, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбеи 15 сентябр дар Ню-Йорк иҷлосияи 74-ум ба итмом расид ва иҷлосияи 75-уми ҷашнии Маҷмаи Умумии СММ оғоз ёфт. Вакилони он зодрӯзи Созмони Милали Муттаҳидро ботантана ҷашн мегиранд, мубоҳисаҳои умумӣ ва чанд мулоқоти дигари муҳими сатҳи олиро доир мекунанд, — хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

«Имсол мо 75-умин солгарди таъсиси СММ-ро ҷашн мегирем ва табиист, ки ҷаҳон ба ин даргоҳи асосии муносиботи бисёрҷониба ва ҳамкорӣ, ки дар  асоси қоидаҳои низоми байналмилалӣ ташкил шудааст, умеди калон дорад», — гуфт Дабири кулли СММ зимни ифтитоҳи иҷлосия.

Дипломати турк Волкан Бозкир раиси иҷлосияи 75-ум интихоб шуд. Вай дар ин вазифа Тиҷани Муҳаммад-Бандаи нигериро иваз кард. Сарвари СММ ба Муҳаммад Банда изҳори сипос ва ба Бозкир барори кор таманно ва таъкид кард, ки мубориза бо пандемияи COVID-19 бояд дар маркази рӯзномаи Маҷмаъ боқӣ бимонад. Вай аҳамияти тақвияти низомҳои тандурустӣ, коркард ва тақсимоти одилонаи доруҳо ва ваксинаҳоро зикр кард.

«Мо инчунин бояд ба барқароршавӣ (пас аз пандемия) дар асоси Рӯзномаи иҷлосия дар соҳаи рушд то давраи соли 2030 ва Созишномаи Париж омодагӣ бигирем. Маҷмаъ кори худро дар тамоми самтҳои мушкилоти глобалӣ: сулҳ ва амният, халъи силоҳ, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва рушди устувор идома хоҳад дод”, — илова кард роҳбари СММ.

Гутерриш изҳор дошт, ки хусусияти бисёрҷабҳагӣ тағйир меёбад  ва аз нияти Раиси нав дар самти таҳкими эътимоди мутақобила  ва иттиҳод дар байни кишварҳои узви СММ, гурӯҳҳои асосии кишварҳо ва дигар ташкилоти байналмилалӣ истиқбол кард.

«Ман ба ҳамкории наздик бо шумо дар ҷараёни иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои умумиамон умед дорам», — гуфт Дабири кулл.

Мубоҳисаҳои умумии ҳарсола 22 сентябр оғоз мешаванд

Дар рӯзҳои нахустини иҷлосияи нав асосан масъалаҳои ташрифотӣ, аз ҷумла масъалаҳои тақсимоти бандҳои рӯзномаи иҷлосия дар байни шаш кумитаи асосии Маҷмаъ ҳал хоҳанд шуд.

Мубоҳисаҳои умумии ҳарсола 22 сентябр оғоз мешаванд. Чаҳорчӯбаи анъанавии Ҳафтаи тирамоҳи сатҳи баланд иваз карда мешавад — роҳбарони кишварҳо, ба таври истисно имсол метавонанд баромадҳои худро дар шакли сабти видеоӣ ирсол намоянд. Дар худи толори маҷлисгоҳ аз ҳар як ҳайат як нафар ҳузур хоҳад дошт.

Тибқи иттилои Хадамоти иттилоотии СММ, чун  анъана, Бразилия мубоҳисотро ифтитоҳ менамояд ва пас аз он ИМА, ҳамчун кишваре, ки дар қаламрави он қароргоҳи СММ ҷойгир аст. Эҳтимол дорад, ки президенти ИМА дар ин иҷлосия мустақиман аз минбари Маҷмаи Умумӣ суханронӣ намояд.

Суханрониҳои сарони дигар давлатҳо тибқи қоидаҳои ташрифот ва мутобиқи  рӯйхати баромадкунандагон пай дар пай дар толори конфронс пахш хоҳанд шуд. Тибқи рӯйхати пешакӣ, суханронии президенти Россия дар рӯзи якуми мубоҳисоти умумӣ — 22 сентябр ба нақша гирифта шудааст. Худи ҳамон рӯз, аз ҷумла, раҳбарони ИМА, Чин, Франсия, Эрон, Туркманистон ва Тоҷикистон суханронӣ хоҳанд кард.

Суханронии президентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Украина 23 сентябр ва суханронии сарвари давлати Озарбойҷон 24 сентябр дар толори конфронс пахш хоҳанд шуд. Аз тарафи Гурҷистон ва Молдова, тибқи рӯйхати баромадкунандагон, 25 сентябр — сарони ҳукуматҳо ва аз тарафи Беларус 26 сентябр — вазири корҳои хориҷа сухан мегӯянд.

Ҷаласаи сатҳи баланд бахшида ба 75-умин солгарди СММ 21 сентябр баргузор мешавад

Дар арафаи мубоҳисот, 21 сентябр, ҷаласаи сатҳи баланд бахшида ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Илова бар ин, дар доираи Ҳафтаи сатҳи баланд боз се вохӯрии муҳим ба нақша гирифта шудааст. 30 сентябр Саммити гуногунии биологӣ, 1 октябр ҷаласа ба муносибати 25-умин солгарди Эъломияи Пекин дар бораи ҳимояи ҳуқуқи занон ва 2 октябр ҷаласа оид ба масоили халъи силоҳи ҳастаӣ баргузор мешавад.

Маҷмаи Умумии СММ мақоми асосии машваратии СММ мебошад. Ба он намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон шомил мебошанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз дорад. Қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳим, аз қабили масъалаҳои сулҳу амният ё қабули аъзои нав аз се ду ҳиссаи овозҳоро талаб мекунанд. Қарорҳо оид ба дигар масъалаҳо бо аксарияти одии овозҳо қабул карда мешаванд.

Маҷмаи Умумии СММ — ягона мақоми универсалии умумиҷаҳонӣ мебошад, ки масъули сулҳу амният, рушд, решакан кардани фақр ва бемориҳои сироятӣ, халъи силоҳ, таъмини ҳуқуқҳои инсон ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Соли 1946 ҳайати Маҷмаи Умумӣ аз 51 давлат иборат буд ва ҳоло теъдоди онҳо ба 193 расидааст. Дар охири солҳои чилум рӯзномаҳои иҷлосияҳои он асосан ба масоили вобаста ба раҳоӣ аз истеъмор бахшида шуда буданд.

Дар тӯли 75 сол Маҷмаи Умумӣ доираи масъалаҳои муҳокимашавандаро ба таври назаррас васеъ намуд ва ҳоло ба масоили иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ВИЧ/СПИД, ҳифзи ҳуқуқи занон, гурезагон ва муҳоҷирон, маъюбон, мардуми бумӣ ва кӯдакон, тарғиби принсипҳои асосии демократия ва мубориза бо тағирёбии иқлим машғул аст.

 

ДАР АКС: Раиси иҷлосияи 75-ум, дипломати турк Волкан Бозкир / Акс аз СММ

Сентябрь 16, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» иштирок намуд
Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкории фарҳангӣ ва сайёҳиро таҳким мебахшанд
Сироҷиддин Муҳриддин ширкатҳои иштирокдори Шурои соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустонро ба Душанбе даъват намуд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманям Ҷайшанкар масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ намуданд
Сарвазири Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки «Рӯзномаи рақамии ИДМ то соли 2030» таҳия карда шавад
Сарвазири Тоҷикистон: «Кишварҳои ИДМ рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаро тасдиқ намуданд»
Қоҳир Расулзода: «Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад»
Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокдори ИДМ аҳамияти махсус медиҳад
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон ба Тоҷикистон ташриф овард
Муовини Сарвазири Арманистон ба Тоҷикистон ташриф овард
Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот анҷом дод