Дар Россия машқҳои стратегии «Кавказ-2020» шурӯъ шуданд. Ба мубориза бар зидди мушакҳои болдор таваҷҷуҳи хос дода мешавад

Сентябрь 21, 2020 10:13

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Машқҳои стратегии фармондеҳӣ — ситодии «Кавказ-2020», ки дар онҳо маҷмӯан зиёда аз 80 ҳазор нафар низомиён иштирок мекунанд, имрӯз дар машқгоҳҳои ҳарбии ҷануби Россия оғоз ёфтанд. Дар ин бора ба хабарнигорон дар Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия иттилоъ доданд, — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

 Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия Машқҳои стратегии фармондеҳӣ — ситодии «Кавказ-2020″ — ро оғоз намуданд», — хабар дод вазорат ва дақиқ кард, ки фаъолиятҳои асосии қӯшунҳо дар доираи машқҳои махсус дар машқгоҳҳои дохилии Округи ҳарбӣ-ҷанубии Прудбой, Ашулук, Капустин Яр, инчунин дар машқгоҳи авиатсионӣ  заминии Арзгир ва Копан сурат хоҳанд гирифт.

Дар Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия илова намуданд, ки ба машқҳои «Кавказ» дар маҷмӯъ тақрибан 80 ҳазор нафар, аз ҷумла воҳидҳо ва қисмҳои муҳорибавӣ, таъминоти моддӣ ва техникӣ, қисмҳои  дифои ҳавоӣ, неруҳои баҳрӣ, инчунин Гвардияи Россия ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода ҷалб шудаанд. «Дар айни ҳол, тибқи Санади Вена-2011, шумораи аксари  ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии дар машқҳои таҳти фармондеҳии амалиётии ягона ҷалбшуда метавонад то 12 900 нафар хизматчиёни ҳарбиро ташкил намояд», — қайд намуданд дар вазорат.

Дар машқҳои махсус на танҳо хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия, инчунин Арманистон, Беларус, Чин, Мянмар ва Покистон низ ширкат меварзанд. Шумораи қитъаҳои хориҷӣ аз 1000 нафар зиёд нахоҳад буд. Намояндагони Озарбойҷон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Шри-Ланка ба ҳайси нозир ширкат мекунанд.

Дар марҳилаи аввали машқҳо, мақомоти фармондеҳӣ ва назоратии ҳарбӣ амалиётро бо дарназардошти вазъи сиёсии шартӣ ба нақша мегиранд ва тартиби ҳамкориро бо кишварҳои иштирокчии машқҳо мувофиқа менамоянд. Дар доираи марҳилаи дуюм вазифаҳои идоракунии қӯшунҳо  дар ҷараёни амалиёти муштараки ҷангӣ ҳал хоҳанд шуд.

Ҳангоми машқҳо масъалаи коркарди истифодаи гурӯҳи қӯшунҳои эътилофи давлатҳо барои таъмини амнияти низомӣ дар ҷанубу ғарбии Россия ба нақша гирифта шудааст.

Мубориза бо мушакҳои болдор

Аз Вазорати дифоъ хабар доданд, ки дар ҷараёни тамрини “Кавказ-2020” қувваҳои мусаллаҳи Россия ба кори мубориза бо мушакҳои болдор, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва тағйири фаврии  амалиёти ҷангӣ диққати махсус медиҳанд.

“Дар ҷараёни машқҳои “Кавказ-2020” ба мубориза бар зидди  мушакҳои болдор ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, таъсиррасонии оташӣ ва радиоэлектронӣ ба тамоми умқи мавқеъҳои ҷангии душман, истифодаи фарогири амудӣ аз тариқи  ҳамлаи тактикии неруҳои десантӣ, гузариши фаврӣ аз як намуди ҷанг ба намуди дигари он таваҷҷуҳи хос дода мешавад”, — гуфта шудааст дар хабар.

Чунин қарор бо дарназардошти таҷрибаи дар ҷараёни даргириҳо дар низоъҳои мусаллаҳи замони муосир ҳосилшуда, аз ҷумла таҷрибаи Сурия қабул шудааст. Инчунин эҷоди вазъияти душвор, истифодаи васеи имконоти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар ҳар вақти шабонарӯз, пешбурди фаъолиятҳои муҳорибавӣ дар шароити дурӣ аз қувваҳои асосӣ ва гузаронидани санҷишҳои амиқ ба нақша гирифта шудааст.

Машқҳои “Кавказ-2020” 26 сентябр анҷом меёбанд,  роҳбарии онҳо ба дӯши  сардори Ситоди Генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия — муовини якуми вазири мудофиаи Федератсияи Россия Валерий Герасимов вогузор шудааст.

                                                                                   АКСИ: tvzvezda.ru

Сентябрь 21, 2020 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд