Дар Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир шуд

Сентябрь 18, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳатмӣ буда, сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро пурра иҷро  намоянд. Ин нукта зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 зикр гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилоятт Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону масъулони раёсати тандурустии вилоят, сардухтурони марказҳои саломатии маркази вилоят доир гардид.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятӣ тамоми имкониятҳо истифода шуда, корҳои безараргардонӣ мунтазам тақвият дода мешаванд.

Ҳамзамон дар назди масъулин барои ҷоннок намудани омодагиҳо ба давраи зимистон, захираи маводи доруворӣ, ба роҳ мондани гардиши «хона ба хона»-и табибону зери назорат қарор додани беморон ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии сирояти беморӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Сентябрь 18, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд