Дар Ёвон ҳамоиши ҷавононе, ки ихтиёрӣ азми хизмат ба Ватан кардаанд, доир гардид

Сентябрь 25, 2020 08:17

ЁВОН, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар саҳни Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки 140 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан мехоҳанд, таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст!» ҳамоиши  калони тарғиботӣ-маърифатӣ доир гардид. Дар он инчунин донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва технологӣ-фармасевтӣ, литсейҳои касбии техникӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,  падару модарон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш ҷавонони  фаъол иброз намуданд, ки “Ватан макони поку муқаддасест, ки моро дар оғӯши гарму пурмеҳраш ба воя мерасонад ва мо дар фазои орому осудаи он хотирҷамъона кору зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба Ватани худ содиқ бимонем ва муҳофизати онро барои худ шаъну шараф бидонем”.

Имсол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон қариб 200 нафар ҷавонон пеш аз хизмати ҳарбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва шуъбаи шуғли аҳолии ноҳия таҳсил намуда, соҳибкасб шуда истодаанд. Чунин ташаббускорӣ сабаб гардидааст, ки имсол шумораи онҳое, ки бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан мехоҳанд, нисбат ба солҳои пешин ба маротиб афзоиш ёбад.

Зимни ҳамоиш раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов, собиқадори соҳаи мудофиа Насрулло Содиқов, сарбозони қисми низомии 6593, даъватшавандаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия сухан гуфта, хизмат ба Ватанро барои ҳар  ҷавон мояи шараф ва ифтихори беандоза маънидод карданд.

Сентябрь 25, 2020 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд