Дастаи футболи «Моҳир»-и Ёвон дар Лигаи якуми Тоҷикистон бозӣ мекунад

Сентябрь 26, 2020 09:10

ЁВОН, 26.09.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар мавсими соли гузашта миёни дастаҳои Лигаи 2-юми вилояти Хатлон соҳиби ҷойи якум гашта, имсол дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Бо вуҷуди он ки сатҳи бозиҳо дар Лигаи якум баландтар ва талабот ба бозингарон ҷиддитар аст, аъзои дастаи «Моҳир» таҷрибаи худро тадриҷан бой намуда, ҳамчун бозингарони касбӣ зина ба зина боло мераванд.

Тибқи иттилои  масъулини Ҳукумати ноҳияи Ёвон, раиси ноҳия  Ҷамшед Саидзода дар вохӯрӣ бо  роҳбарон ва аъзои Клуби футболи «Моҳир» изҳор намуд, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста аз вазъи иқтисодии даста ва ҳолати рӯҳии аъзои он бохабар шуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри пешравии фаъолияти онҳо мусоидат намояд. Роҳбарон ва аъзои даста дар сурати пайдо шудани зарурат метавонанд ба дастгирии мо умедвор бошанд».

Директори Клуби футболи «Моҳир» Хусрав Бобобеков ва сармураббии даста Сиёвуш Боев аз номи роҳбарону аъзои даста ба раиси ноҳия барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳо изҳори миннатдорӣ карда, ба нишони эҳтирому қадрдонӣ ба раиси ноҳия Нишони сарисинагии Клуби футболи «Моҳир» ва як ҷуфт либоси варзишӣ тақдим намуданд.

Умед аст, ки дастаи «Моҳир» дар бозиҳои боқимондаи мавсими имсола хотири мухлисонашро болида мегардонад.

Сентябрь 26, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад