ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дар ин давр 19 сентябр дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе, «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бо КМВА, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 20 сентябр «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии охирини даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ хеле ҷолиб баргузор шуд. Ба голи задаи легионери ӯзбекистонии дастаи «Кӯктош» Муҳиддин Одилов бозингарон Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров аз «Локомотив-Помир» тавассути зарбаҳои нишонрас ҷавоб доданд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе ба ҷои ҳаштуми ҷадвали чемпионат баромад.
Чемпионати Тоҷикистон.
Лигаи олӣ.
Даври 13-ум
«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2
Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).
«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0
«Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (1:0). Алишер Баротов, 47 (2:0).
«Истаравшан» – «Истиклол» – 1:2
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 23 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 59 –пеналти (1:1). Рустам Соиров, 89 (1:2).
«Хатлон» – КМВА – 0:0
Чемпионати Тоҷикистон.
Лигаи олӣ.
Даври 14-ум
«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Дилшод Бозоров, 10 (1:0). Салам Ашурмамадов, 23 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 54 (2:1).
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 6:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 5 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 9 (2:0). Шериддин Бобоев, 17 (3:0). Шериддин Бобоев, 34 (4:0). Шерзод Маҳамадиев, 48 (4:1). Шериддин Бобоев, 68 (5:1). Алишер Ҷалилов, 83 (6:1).
«Файзканд» – КМВА – 1:1
Голҳо: Анвар Муродов, 11 (1:0). Артем Гайдаш, 67 (1:1).
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Кароматулло Саидов, 64 (0:1). Агблей Ҷонс, 77 (1:1).
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | ТТ | Х | |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 14 | 13 | 1 | 0 | 57-7 | 40 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 14 | 9 | 2 | 3 | 23-16 | 29 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 14 | 6 | 5 | 3 | 23-19 | 23 |
| 4 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 14 | 5 | 5 | 4 | 21-18 | 20 |
| 5 | КМВА (Душанбе) | 14 | 5 | 5 | 4 | 21-20 | 20 |
| 6 | «Душанбе-83» (Душанбе) | 14 | 4 | 4 | 6 | 16-23 | 16 |
| 7 | «Файзканд»(Восеъ) | 14 | 3 | 6 | 5 | 13-24 | 15 |
| 8 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 14 | 2 | 4 | 8 | 11-22 | 10 |
| 9 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 14 | 2 | 3 | 9 | 17-33 | 9 |
| 10 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 14 | 2 | 3 | 9 | 17-37 | 9 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 гол, Шериддин Бобоев («Истиқлол») — 10 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») ҳарду – 7 голӣ, Парвиз Баки-Ахунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – бо 6 голӣ ва Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – бо 5 голӣ.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






