ФУТБОЛ. «Равшан» бо «Моҳир», «Панҷшер» бо «Ваҳдат» ва «Исфара» бо «Шоҳмансур» рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:30, дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд. Дар он дастаҳои футболи «Равшан»-и Зафаробод бо «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Равшан»-и Кӯлоб бо «Моҳир»-и Ёвон, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо «Ваҳдат»-и Ваҳдат, «Исфара»-и Исфара бо «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе ва 2 сентябр дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и Фархор бо «Саройкамар»-и Панҷ, «Эсхата»-и Хуҷанд бо «Ҳулбук»-и Восеъ байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дар бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар меҳмонӣ дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод ва мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар 11 бозӣ 30 имтиёз гирифта, ғолиби марҳилаи якуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид.
Дастаи «Равшан» дар 10 бозӣ пирӯз шуда, танҳо як бозиро бохтааст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 22 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо ахиран бозиро бо дастаи мизбон – «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ — бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом доданд. Дастаи футболи «Исфара»-и шаҳри Исфара, ки 18 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюм касб намудааст. Дастаи «Исфара» дар даври ёздаҳум дар меҳмонӣ бар «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Дар ду бозии дигари даври ёздаҳум дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар майдони худ бар «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар меҳмонӣ дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дувоздаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 1-2 сентябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 10-ум
«Исфара» – «Ваҳдат» – 1:3
Голҳо: Ибодулло Шарипов, 14 (1:0). Суҳроб Асоев, 32 (1:1). Самариддин Расулов, 88 (1:2). Муҳаммад Абдураҳмонзода, 90+4 (1:3).
Беҳтарин бозингари дидор: Фаромурз Саидов («Ваҳдат»).
«Панҷшер» – «Ҳулбук» – 3:2
Голҳо: Рустам Назаров, 26 (1:0). Аваз Камчинов, 38 (1:1). Рустам Назаров, 56 (2:1). Абдухалил Боронов, 58 (3:1). Аваз Камчинов, 76 (3:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).
«Эсхата» – «Саройкамар» – 6:3
Голҳо: Рустам Сабуров, 12 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 15 – аз пеналтӣ (2:0). Мубинджон Муъминов, 22 (3:0). Акмалҷон Авазов, 28 (3:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 34 (4:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 43 (4:2). Рустам Сабуров, 54 (5:2). Иброҳим Муҳтоҷзода, 84 (5:3). Мубинҷон Муъминов, 90+4 (6:3).
Беҳтарин бозингари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» – 8:0
Голҳо: Хурсандмурод Ҷумъаев, 13 (1:0). Парвиз Деҳқонов, 15 (2:0). Парвиз Деҳқонов, 21 (3:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (4:0). Азимҷон Мавлонов, 35 (5:0). Бахтиёр Зарипов, 44 (6:0). Зиёвуддин Фузайлов, 70 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 79 (8:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан»).
«Ҳосилот» – «Моҳир» – 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Шерзода, 3 (1:0). Далер Умаров, 33 (2:0). Муҳаммадҷон Шерзода, 56 (3:0). Комрон Салимов, 87 (4:0). Исроил Сомон, 90+3 (5:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Тоҳирҷон Тағойзода («Ҳосилот»).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Барқчӣ» – 4:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 40 (1:0). Наврӯз Рустамов, 50 (2:0). Файзиддин Назаров, 59 (2:1). Зокир Абдулхайров, 60 (3:1). Ҳасан Рустамов, 62 (4:1). Муҳаммадҷон Ризомов, 88 (4:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Наврӯз Рустамов («Равшан»).
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 11-ум
«Барқчӣ» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:0
Гол: Султоншо Мирзоев, 5.
Беҳтарин бозигари дидор: Султоншо Мирзоев («Барқчӣ»).
«Ҳулбук» – «Эсхата» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).
«Ваҳдат» – «Панҷшер» – 1:1
Голҳо: Ҳасан Холов, 45+2 (0:1). Шоҳин Ҷалилов, 58 – ба дарвозаи худ (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).
«Шоҳмансур» – «Исфара» – 1:3
Голҳо: Шаҳром Назаралиев, 16 (1:0). Нодирбек Мамиров, 52 (1:1). Нодирбек Мамиров, 55 (1:2). Хусрав Бобоев, 75 (1:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Суҳробҷон Сабуров («Исфара»).
«Моҳир» – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:5
Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 18 (0:1). Ҳасан Рустамов, 27 (0:2). Баҳровар Ҳалимов, 64 (1:2). Умедҷон Бадалов, 75 (1:3). Зокир Абдулхайров, 90 (1:4). Манучеҳр Хидиров, 90+2 – ба дарвозаи худ (1:5). Шаҳбоз Сафаров, 90+4 (2:5).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан» Кӯлоб).
«Саройкамар» – «Ҳосилот» – 1:3
Голҳо: Акмалҷон Авазов, 45+1 (1:0). Исроили Сомон, 64 (1:1). Исроили Сомон, 68 (1:2). Хайрулло Азизов, 85 (1:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Исроили Сомон («Ҳосилот»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 11 | 10 | 0 | 1 | 46-20 | 30 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 11 | 7 | 1 | 3 | 29-20 | 22 |
| 3 | «Исфара» (Исфара) | 11 | 6 | 0 | 5 | 20-20 | 18 |
| 4 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 11 | 5 | 3 | 3 | 24-14 | 18 |
| 5 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 11 | 5 | 2 | 4 | 21-19 | 17 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 11 | 5 | 1 | 5 | 23-21 | 16 |
| 7 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 11 | 4 | 3 | 4 | 32-25 | 15 |
| 8 | «Саройкамар» (Панҷ) | 11 | 4 | 2 | 5 | 23-26 | 14 |
| 9 | «Моҳир» (Ёвон) | 11 | 4 | 2 | 5 | 25-35 | 14 |
| 10 | «Равшан» (Зафаробод) | 11 | 3 | 4 | 4 | 20-17 | 13 |
| 11 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 11 | 3 | 1 | 7 | 21-24 | 10 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 11 | 0 | 1 | 10 | 8-51 | 1 |
Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 15 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 9 тӯб, Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 8 тӯб, Фирдавс Мусоев («Исфара»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Самариддин Расулов («Ваҳдат») – 7-тӯбӣ.
Даври 12-ум
1 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Барқчӣ»
«Равшан» (Кӯлоб) – «Моҳир»
«Панҷшер» – «Ваҳдат»
«Исфара» – «Шоҳмансур»
2 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Ҳосилот» – «Саройкамар»
«Эсхата» – «Ҳулбук»








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид






