Футболбозони ҷавони тоҷик бар ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бозии дуюми рафиқона доир намуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 бар нафъи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин бозии ҷолиб голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






