Хоҷагии манзилию коммуналии Хоруғ соҳиби техникаву механизмҳои муосир гардид

Сентябрь 17, 2020 09:34

ХОРУҒ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи  ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар доираи «Амалисозии лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ» барои Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ техникаву механизмҳои махсус, аз ҷумла   булдозери пуриқтидор, боркунаки фронталӣ ва мошинҳои ахлотбарӣ дастрас карда шуд. Маблағи умумии техникаву механизмҳо  190 ҳазору 300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Сармуҳандиси корхонаи мазкур Наврӯз Хусравбеков ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар баробари кумаки техникӣ ҳамчунин бинои дуошёна барои кормандони корхона, сарой барои техникаву механизмҳо ва анборхона барои нигоҳдории маводи зиддилағзиш, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва амсоли инҳо бунёд мегардад.

Ҳамзамон дар маҳаллаҳои шаҳр 100 қуттӣ барои партови сахти маишӣ ва моеъ гузошта мешавад. Навсозии партовгоҳи умумӣ низ аз амалҳоест, ки дар доираи татбиқи  ҳамин лоиҳа пешбинӣ гардидааст. Ин партовгоҳ замоне интихоб шуд, ки  шаҳри Хоруғ танҳо 19 ҳазор аҳолӣ дошт. Ҳоло нуфузи шаҳр як баробар афзудаю зарур аст масоҳати партовгоҳ  васеъ гардад.

Барои анҷом додани ин корҳо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 4 миллион евро ҷудо намудааст, ки 2 миллиони он қарзи имтиёзнок ва ду миллиони дигар маблағи бебозгашт (грант) мебошад.

Сентябрь 17, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд