Имрӯз ду бозии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ду бозии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор мешаванд. Дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бо дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
13 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Равшан»- и шаҳри Кӯлоб ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Дар дақиқаҳои аввали бозӣ бозингарони дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб афзалиятро ба даст гирифта, бо голи задаи Ҳасан Рустамов ба пеш баромаданд. Бо гузаштани 30 дақиқа легионери дастаи «Истиқлол» Марко Милич натиҷаро мусовӣ кард. Бо ҳисоби мусовӣ дастаҳо ба танаффус рафтанд.
Дар қисми дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 60- ум Рустам Соиров дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба пеш баровард. Ҳасан Рустамов дар дақиқаҳои иловагӣ дастаи «Равшан»- ро аз бохт наҷот дод. Вақти асосии бозӣ мусовӣ ба анҷом расид. Довар қисми иловагӣ таъйин кард. Дар қисми иловагии бозӣ дастаи «Равшан» пурра афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 93-юм Наврӯз Рустамов ҳисобро 3-2 ба нафъи дастааш кард. Бозингарони шаҳри Кӯлоб бо ин гол қаноат накарда, дар дақиқаи 111- ум бо голи задаи Абдураҳмон Нозимов ғалабаи дастаашонро пурра таъмин карданд.
Ҳоло футболбозони шаҳри Кӯлоб бо раҳбарии сармураббӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов дар даври нимниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти чорякниҳоӣ-дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозӣ мекунад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори аввал дар таърихи худ иштирокашро дар Ҷоми Тоҷикистон дар марҳилаи чорякниҳоӣ анҷом дод.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ба шарофати голи ягонаи Сорбон Авғонов дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дастаи футболи «Хатлон» таҳти раҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бо ғолиби ҷуфти чорякниҳо- дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Даври ¼- ниҳоӣ
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).
«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад (Умедҷон Бадалов, 83), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷон Фаррухзод (Сайидхони Амрохон, 81), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 74), Наврӯз Рустамов, Далер Чолов (Сиёвуш Назирмадов, 74), Музаффар Назаров.
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Марко Милич, Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров, Ромиш Ҷалилов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 94).
Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Сайидамири Сайидахмад, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).
Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), 71 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
13 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
«Эсхата» – «Хатлон» – 0:1
Гол: Сорбон Авғонов, 32.
«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Умедҷон Одинаев, Амирҷон Ҳомидов, Дилшод Каримов, Боҳирҷон Сангинбоев (Абдураҳмон Узоқов, 71), Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 62), Иброҳим Эшонхонов (Амирҷон Раҳимов, 71), Фирдавс Икромбеков (Ҳумоюн Азимов, 62), Ҷӯрабой Исоев (Рустамҷон Сабуров, 56), Мубинҷон Муъминов.
«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Саидшо Бозоров, Муҳаммадҷон Насков (Фирдавс Алиназаров, 90+5), Тони Бикатал (Сафиоллоҳи Назарзода, 28), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов (Мфуапон Аласса, 78), Худойдод Узоқов (Суннатулло Исмоилов, 78), Парвиз Боқӣ-Охунов.
Огоҳӣ гирифтанд: Боҳирҷон Сангинбоев, Дилшод Каримов («Эсхата»), Саидшо Бозоров («Хатлон»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».
15 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
«Истаравшан» – «Кӯктош»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ








ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд






