ИНТИХОБОТ-2020: Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд

Сентябрь 13, 2020 15:51

ДУШАНБЕ, 13.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳокима гардид.

Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Комиссияи марказӣ қарорҳои дахлдор дар бораи пешбарии номзадҳо аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои қасабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон барои маълумот ворид гардида буданд.

Ба ҳолати 10 сентябри соли равон мувофиқи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадҳоро мувофиқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии болозикр мавриди омӯзиш қарор дода, номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаро ба қайд гирифт.

Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 13, 2020 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»