Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин пешбарии масъалаҳои марбут ба транзит ва нақлиёт, савдои байналмилалӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамгироии минтақавӣ, содагардонии раванди савдо ва тағйироти иқлим дар давраи COVID-2019-ро ҳамчун авлавият номбар кард.
Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро ҳамчун платформаи муҳими пешбурди масоили марбут ба об дар паҳнои LLDCs арзёбӣ намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






