Кашшофи Саразм. Гиромидошти хотираи доктори илмҳои таърих, равоншод Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар шаҳри Исфара

Сентябрь 10, 2020 14:10

 ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ  яке аз кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара ба номи олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих, зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқӣ гузошта шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин бо иштироки раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар саргаҳи кӯча лавҳаи ёдгории ба номи Абдуллоҷон Исҳоқӣ  насб гардид.

Раиси шаҳр дар деҳаи мазкур бинои иловагии таълимиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 ба истифода дода, зикр намуд, ки «дар ин макони илму маърифат ворисони асили олими зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқӣ ба воя мерасанд ва дар оянда ба халқу Ватан хизмати шоиста мекунанд».

Акрам Сулаймонзода иброз дошт, ки ояндаи наздик дар Гулбоғи Сайфуддини Исфарангии шаҳр нимпайкараи олими маъруф гузошта хоҳад шуд.

ДАР АКС: доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқӣ

Бояд тазаккур дод, ки доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултети таърихи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон  дар пойгоҳи бостоншиносии навтаъсиси шаҳри бостонии Панҷакент ба сифати лаборант ба  фаъолият оғоз намудааст.

Бозёфт шудани маркази нави маданияти аҳди қадими кишоварзии Саразм дар саргаҳи Зарафшон аз тарафи устод Абдуллоҷон Исҳоқов кашфиёти нодир дар илми бостоншиносии ҷаҳон буд. 13 сентябри соли 1976 барои ӯ ҳамчун рӯзи мавлудаш рӯзи фаромӯшнашавандаю таърихӣ ва шуҳрату номварӣ дар илми бостоншиносии тоҷик гардид.

Тавре дар китоби «Саразм»-и мавсуф омадааст: «Дар соҳили дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии дашти Саразм ёдгории аҳди биринҷиро пайдо намудам.

Ба кашшофони ин ёдгорӣ, маъюби ҶБВ Ашӯралӣ Тайлонов ва духтари ӯ Ҷамила Бобомуродова ҳазорҳо ташаккур мегӯям. Онҳо ба осорхонаи ба номи Рӯдакӣ даромада, чашмашон ба табарчаи гаҷие афтодааст. Ин табарча нусхаи табари биринҷии аз деҳаи Ёрии ноҳия ёфтшуда буд. Ашӯралӣ аз корманди осорхона дар бораи ин табар маълумот гарифта, гуфтааст, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин табар ёфтааст, агар барои осорхона лозим бошад, ӯ метавонад ин табарро туҳфа намояд. Вақте ин хабари хушро ба ман расонданд, ба гӯшҳоям бовар накардам, зеро он аз як воқеаи оламшумуле дарак медод, ки солҳо интизораш будем. Дарҳол ба деҳаи Авазалӣ омадам ва ба ҷустуҷӯи Ашӯралию бозёфташ шитофтам…», -менависад Абдуллоҷон Исҳоқӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори аҳди қадим — Саразм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо пуштибонӣ аз он 21 сентябри соли 2000 фармони махсусро дар бораи мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шудани он аз ба тавсиб расониданд.

Ҳамчунин бо ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм ва 700-солагии шоири ширинбаёни тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуданд, ки соли равон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Сентябрь 10, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст