КМИР шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи онҳо ба қайд гирифт

Сентябрь 14, 2020 17:05

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли равон таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалаҳои рад кардани бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас кардани ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин бора аз КМИР ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Мувофиқи моддаи 24–и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Комиссияи марказӣ қарорҳои дахлдор дар бораи пешбарии номзад аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон барои маълумот ворид гардида буд.

Ба ҳолати 13 сентябри соли 2020 мувофиқи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои баррасӣ ва бақайдгирии номзад ба Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон ворид гардиданд. Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии болозикр ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.

Мувофиқи моддаи 28-и Қонуни конститутсионӣ Комиссияи марказӣ шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Абдуллоев Мироҷ Санонович ва Раҳматзода Рустамро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи онҳо ба қайд гирифт. Шахсони бақайдгирифташуда ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва комиссияҳои интихоботӣ ҳифз мекунанд.

Вобаста ба масъалаи охирин қарори Комиссия қабул карда шуд.

Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, идома доранд.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 14, 2020 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон