Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод муайян шуданд

Сентябрь 15, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 15.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 сентябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор шуд. Дар ин бора  сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод ва сардовари мусобиқа  Абдурозиқ Олимов ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Имсол дар қувваозмоиҳо 123 нафар варзишгарон дар ҳайати 8 даста – дудастаӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат намуда, тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) аз рӯи 10 категорияи вазнӣ гӯштин гирифтанд.

Дар ҳамаи вазнҳо намояндагони шаҳри Душанбе ғолиб омада, бештари медалҳо-29 ададро онҳо соҳиб шуданд. Варзишгарони вилояти Суғд 1 медали нуқраву 4 биринҷӣ, Хатлон-2 як нуқраву 3 биринҷӣ, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ яктоӣ медали биринҷиро сазовор шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод дар соли 2020:

Вазни 57кг
1. Абдуллоев Илҳомбахш, Душанбе
2. Наимов Муҳаммад, Душанбе
3. Мубинҷонов Аваз, Душанбе
3. Қодиров Ҷамшедҷон, Суғд

Вазни 61кг
1. Холов Комрон, Душанбе
2. Гулов Саидҷон, Душанбе
3. Машрабов Оятулло, Душанбе
3. Иноятов Расулҷон, Хатлон-2

Вазни 65кг
1. Шарифов Ҷамшед, Душанбе
2. Усмонзода Фарҳод, Душанбе
3. Аминзода Хайём, Суғд
3. Бобоев Ҳумайнӣ, Хатлон-2

Вазни 70кг
1. Ашрафхонов Мадасан, Душанбе
2. Абдулҳаев Сорбон, Душанбе
3. Хоҷаев Ислом, Душанбе
3. Мамадҷони Муҳсинҷон, Суғд

Вазни 74кг
1. Шарифов Ғуломҷон, Душанбе
2. Мусоев Абубакр, Хатлон-2
3. Одинамади Ҳасан, Душанбе
3. Одинамамадов Ҳасан, Душанбе

Вазни 79кг
1. Икромов Сомонҷон, Душанбе
2. Мавлонназаров Ансор, Душанбе
3. Сардоров Қосимҷон, Душанбе
3. Муминов Умаршоҳ, Душанбе

Вазни 86кг
1. Расулов Зоирҷон, Душанбе
2. Ҳалимзода Салимҷон, Душанбе
3. Карамхудоев Тутиё, ВМКБ
3. Мамадризоев Муяссар, Душанбе

Вазни 92кг
1. Қодиров Баҳодур, Душанбе
2. Файззода Файзӣ, Душанбе
3. Мустафиров Руслан, ШНТМ
3. Ализода Муҳаммадҷон, Суғд

Вазни 97кг
1. Маҳмадбеков Раҳмон, Душанбе
2. Маҳмадализода Комрон, Душанбе
3. Наимов Яқуб, Душанбе
3. Раҷабов Шукрулло, Душанбе

Вазни 125кг
1. Анақулов Фарҳод, Душанбе
2. Собитов Фарҳод, Суғд
3. Олимов Рамазон, Душанбе
3. Мирзохоҷаев Илҳомхуҷа, Хатлон-2

 

Сентябрь 15, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд