ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Айнӣ манораи 13-метра қомат афрохт
ДУШАНБЕ, 01.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд манора (стелла) бо чароғакҳои ранга ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ иттилоъ доданд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи мазкур Абдулғанӣ Қобилзода иброз дошт, ки баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои он рамзи кураи Замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга ва парчам оро дода шудааст, ки далели соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Айнӣ ба нақша гирифтаанд, ки то ҷашни миллӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ, аз қабили роҳҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатна, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳоро дар муддати кӯтоҳтарин ба истифода диҳанд. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи нави кор мусоидат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди 499 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд






