Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро дар шаҳраки Ховалинг ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро пас азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо гузашти вақт ниёз ба таъмиру таҷдиди он пеш омад.
Навсозии бинои муассисаи таълимӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ амалӣ карда шуд.
Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва се бинои таълимӣ иборат буда, барои 1500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 гектар буда, биноҳои он масоҳати 4 ҳазору 400 метри мураббаъ қомат афрохтааст.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Мактаб дорои 38 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия, технологияи иттилоотӣ ва 16 утоқи корӣ мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи мазкур барои ҳайати 85-нафараи омӯзгорони муассисаи таълимӣ низ шароити муосир дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ пурра фароҳам гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои равона намудани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ба хонандагон ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи онҳо барои азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла дар деҳоти дурдаст идома дорад.
Дар ноҳияи Ховалинг давоми ду соли охир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ 6 муасиссаи таълимӣ бо зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин дар 17 иншооти дигари соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






