Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён-Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов-Ховалингро ба истифода доданд

Сентябрь 25, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг роҳи мошингарди Панҷариён – Шугновро дар масофаи 5 километр ба истифода доданд.

Роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.

Таҷдиду навсозии роҳи мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ шуда, барои пурра мумфарш кардани он  қариб 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Сокинони деҳаи Панҷариён солҳо боз барои рафтуомад ба маркази деҳот мушкил доштанд ва инак бо файзи истиқлол ба дастоварди нав ноил  шуданд.

Деҳаи Панҷариён 36 хоҷагӣ дошта, дар он 234 нафар зиндагӣ мекунанд ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи мошингард омили муҳим дар рушди иқтисодии сокинони Панҷариён буда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни бошандагони деҳа мусоидати фаъол мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра аз ҳолати роҳи Панҷариён — Шугнов дар идомаи боздид роҳи нақлиётгарди Шугнов – Ховалингро дар масофаи 15 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷдиду навсозии ин роҳ низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда дар доираи омодагиҳо барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шудааст.

Таъмиру асфалтпӯш гардидани роҳи Шугнов  — Ховалинг мушкили сокинону ронандагонро бартараф намуда, имконоти ҳаракат дар ин масирро дар тамоми фаслҳои сол ба миён овард.

Корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур бо ҷалби зиёда аз 80 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, дар рафти корҳо беш аз 50 адад техникаи роҳсозӣ ҷалб карда шуда буданд.

Роҳи мазкур акнун бо таҷдиду навсозӣ ба категорияи 5-уми роҳсозӣ мутобиқ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг 226,4 километр роҳҳо мавҷуд аст, ки аз ин 110,7 километрро роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 115,7 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамиятӣ маҳаллӣ дар бар мегирад.

Дар ноҳия дар асоси нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 25 километр роҳҳои маҳаллӣ аллакай мумфарш гардида,  боз 20 километри дигар навсозӣ карда мешавад.

Дар ноҳияи Ховалинг соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузошта, дар самти беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёт бо ҳадафи рушди деҳот корҳои назаррас амалӣ месозанд.

Таҷдиди роҳи Шугнов – Ховалинг имкон медиҳад, ки интиқоли молу маҳсулоти хоҷагидорону боғдорон ба марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дар муддати кӯтоҳ ва бидуни талаф амалӣ карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Шугнов 1100 гектар боғҳои гуногуни мевадиҳанда ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мавҷуд аст, ки акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани роҳ имкони васеъ барои рушди ин соҳаҳо ба вуҷуд омад.

Дар деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозӣ ва таъмири 50 иншоот ба нақша гирифта шуда, 28 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст ва корҳои сохтмонӣ дар дигар  иншоот босуръат идома доранд.

Дар ҳамин замина 63 километр роҳҳои ҳудуди деҳот низ зина ба зина то ин ҷашни бузурги миллӣ  таҷдиду навсозӣ ва ба талаботи мавҷуда мутобиқ карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ барои истифодаи тӯлонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалинг аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва кадбонувони деҳоти Ғаффор Мирзо ва Шугнов дидан карданд.

Дар намоишгоҳ ҳунари нонпазӣ, хӯрокҳои миллӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки ба эҳёву ҳифзи онҳо дар ин гӯшаи диёр таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, муаррифӣ гардид.

Маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ  аз ҷалби бештари ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа  дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.

Ба истифода додани 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён - Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов - Ховалинг 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Чойхонаи миллӣ барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароит фароҳам оварда мешавад
Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод «Маркази ҷавонон» ва майдончаҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд