Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ба истифода супурданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.
Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавии бахши ҳифзи муҳити зист аз се ошёна иборат буда, дорои 10 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона ва меҳмонхона мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои навбунёд ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.
Бинои бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон — Орзу” – и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам мебошад.
Утоқҳои кории бинои бахши ҳифзи муҳити зист бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон имконоти зиёд мавҷуд аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки барои муҳофизати олами набототу ҳайвоноти нодир, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хеле зиёд аст, бо ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар баробари сохтмони марказҳои хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам карданд.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






