Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон ба давраи зимистон омодаанд? Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2020 17:40

ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 2 сентябри соли 2020, соати 24:00, обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак»-манбаи асосии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон  дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд. Дар заминаи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъу маҳдуд намудани интиқоли барқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, инчунин чорабиниҳои техникии роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» имконият фароҳам омад, ки барои истеҳсоли барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар обанбори асосии мамлакат ба қадри зарурӣ об захира карда шавад.

Сардори маркази матбуоти ШСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ  изҳор дошт, ки  омили муҳими таъминоти мамлакат  бо неруи барқ, пеш аз ҳама  сарфакорона истифода бурдани он  мебошад. Аз ин рӯ, ШСХК «Барқи Тоҷик» аз  муштариён хоҳиш менамояд,  ки дар мавсими дар пешистодаи тирамоҳу зимистон  аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намоянд- ин амали онҳо ҳам кумак ба буҷаи оила  мегардад ва ҳам барои таъмини аҳолии мамлакат бо неруи барқ мусоидат менамояд.

Дар ин робита,   2  сентябр хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар якҷоягӣ бо намояндаи ниҳоди мазкур  ба ноҳияи  Ёвон сафар намуда, аз ҳолати имрӯзаи фаъолияти зерисггоҳҳои барқӣ ва омодагии шабакаҳои барқи ноҳия ба давраи зимистон дидан намуд.

Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки  шаҳрвандон то чӣ андоза  барқро сарфакорона истифода мебаранд ва  дар тӯли ҳафт соли  истиқлолияти  энергетикӣ   ноҳияи Ёвон ба чӣ дастовардҳо ноил  гардидааст, директори  Ҷамъияти саҳомии   кушодаи  шабакаҳои  барқи  ноҳияи Ёвон  Умедҷон Билолзода    посух дод.

— Ҳоло дар ноҳияи  Ёвон  ҳамагӣ даҳ зерисггоҳ фаъолият мекунанд, ки нуҳтои он ба зеристгоҳи  35квт мувофиқ меоянд ва онҳо тамоми корхонаҳои саноативу  ғайрисаноатиро   бо барқ таъмин мекунанд. Дар ноҳияи Ёвон 24 ҳазор нафар муштариён фаъолият мекунанд, ки имрӯз бо барқ таъмин ҳастанд. Агар қисми ками корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ  фаъолият накунанд ҳам, ҳоло дар ноҳия қисми зиёди  корхонаҳои саноатӣ фаъоланд,-гуфт номбурда.

Умедҷон Билолозода ҳамчунин дар бораи давоми ҳафт соли охир дар ин самт  дар ҳудуди ноҳия татбиқ гардидани   барномаҳо ва натиҷаи онҳо изҳори андеша кард. Номбурда, аз ҷумла гуфт, ки дар ин  ҳафт сол аз  тарафи шабакаҳои барқии    ноҳия   бо дастгири Ширкати «Барқи тоҷик» бисёр корҳо ба анҷом расонида шуданд.  Аз ҷумла, иваз кардани  хатҳои  интиқоли барқ ва  трансформаторҳое, ки  бисёр серборанд, ба камбор иваз карда шуданд. Инчунин ба трансформаторҳо равғанҳо илова карданд. Дар мувофиқа бо ширкати «Барқи тоҷик» даҳ банди нақшаи зимистонгузаронӣ   ба андозаи беш аз 90  фоиз иҷро шудааст.

«Ноҳия Ёвон дар иҷрои барномаи таъмини аҳолӣ бо   ҳисобкунакҳои  барқии электронӣ миёни дигар  ноҳияҳои  вилояти Хатлон фаъол мебошад.  То имрӯз 2500-3000 ҳазор  адад чунин ҳисобкунакҳои  барқии электронӣ  васл карда шудаанд. Дар ин самт ҳоло корҳо зиёданд. Ин имкон медиҳад, ки барқ беҳуда сарф нашавад. Дар самти пардохти ҳаққи барқи истифодашуда  ҳаминро мегӯям, ки  шаҳрвандони  мо бояд  дар ин ҷода масъулияти  баланд дошта бошанд.  Вақте ки бо барқ таъмин мешаванд, бояд заҳмати коргарони  шабакаҳои барқиро ба инобат гирифта, онро қадр кунанд. Албатта, аз тарафи корхонаҳои саноатӣ дар масъалаи пардохти ҳаққи неруи барқ қариб,  ки душворӣ намекашем, вале   аз тарафи   аҳолӣ дар иҷрои ин амал   мушкил эҳсос мешавад. Аммо бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони ноҳия мо ин мушкилро ҳал мекунем ва  аҳолӣ   ба қадри имкон ҳаққи неруи барқро месупоранд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Директори  Ҷамъияти саҳомии   кушодаи  шабакаҳои  барқи  ноҳияи Ёвон  Умедҷон Билолзода  илова кард, ки   соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти неруи барқ аз байн бардошт шуда, аҳолии мамлакат тамоми шабонарӯз пурра бо неруи барқ таъмин буданд.

-Сарфакорӣ аз гӯшаи маърифат аст, пас агар шахс бомаърифату бофарҳанг бошад, он гоҳ дар зиндагӣ сарфакор ва сарфаҷӯ мешавад. Инчунин ҳангоми аз барқ истифода бурдан бояд маблағи онро ҳатман пардохт намуд. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст. Ҳамчунин пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва нишонаи бовиҷдонии ҳар инсон аст,- мегӯяд  ӯ.

Умедҷон Билолзода  таъкид намуд, ки дар шароити кунунӣ, ки боиси камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони  солҳои 2019-2020 гардид, сатҳи оби обанбори Норак то 17 метр кам гардида буд. Аз ин рӯ шаҳрвандони мамлакатро лозим аст, ки  барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ саҳм гузоранд.

                                                                                        Меҳрони   ҚУРБОН,
                                                                                        АМИТ «Ховар»  

Сентябрь 3, 2020 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«PAKISTAN TRAVEL MART 2025». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Покистон муаррифӣ гардид
Аз ҷониби кормандони ҳифзи давлатии ҷангал нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1686 санад тартиб дода шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад
Дар Бохтар аввалин Созишнома оид ба рушди инфрасохтори соҳаи варзиш ба имзо расид
Намояндагони Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ғолиб гардиданд
«ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«Сомон Эйр» барои харидории ду ҳавопаймои Boeing 737-8 бо ширкати «DAE Capital» -и Амрико созишнома ба имзо расонд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст