Тоҷикистон ба давлати воҳид ва транзитӣ табдил мегардад. Имрӯз-Рӯзи роҳсозони мамлакат

Сентябрь 13, 2020 08:26

ДУШАНБЕ, 13.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  дар соҳаи  нақлиёти Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ  53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 адад пул, 2  чорроҳаи сесатҳа  ва 2 дусатҳа, 5 нақби  мошингузар,    3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин беш аз 40 км роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақб анҷом дода шуда, 601 адад техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардидаанд.

Чунин комёбиҳо дар соҳаи нақлиёти  Тоҷикистон дар ҳолест, ки 13 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи роҳсозон таҷлил мегардад. Роҳсозони  мамлакат дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар маҷмӯъ дар раванди ободонию бунёдкории Тоҷикистони  муосир  нақши арзишманд мегузоранд. Инчунин дар зарфи солҳои Истиқлоли  давлатӣ дар мамлакат аз ҳисоби кумаки ташкилоти хориҷӣ 27,5 км роҳҳои мошингард ва 47 пул бо дарозии 2859 метр ва аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 9,91 км роҳҳои мошингард ва  19 пул бо дарозии 435 метр бунёду таҷдид шудаанд.

Тоҷикистон-давлати транзитӣ дар Осиёи Марказӣ

Соҳаи нақлиёт дар рушди бемайлони ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ҳамчун соҳаи таъминкунандаи равобити пайвастаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ, хусусан дар ҷумҳурии мо, новобаста аз душвориҳои шароити релефӣ-иқлимӣ, ҳамзамон ҷойгиршавӣ дар чорсӯи тиҷоратии пайвасткунандаи кишварҳои рушдёфтаи шарқ ва ғарби Авруосиё ва баромадан ба бандарҳои тиҷоратии уқёнуси Ҳинд нақши калидӣ дорад. Ба давлати транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти  иқтидорҳои транзитии он чун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳадафҳои рушди мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба рушди шабакаи роҳҳо тақвият бахшида, ҷиҳати амалӣ шудани ин  ҳадафи стратегии мамлакат мусоидат менамояд.

Татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи беш аз 620 миллион $

«Имрӯзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 620 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Аловиддин Аноятшоев.

Намояндаи масъули Вазорати нақлиёти мамлакат зикр кард, ки корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои амалишудаистодаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар марҳилаи 1 (33,2 км), Душанбе-Бохтар марҳилаи 2 (39,6 км), сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин (А-32 км) ва Шкев-Қалъаихумб (F-26 км), «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ» ва тақвияти инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ -сохтмони пулҳо дар Бадахшон тибқи нақшаҳо идома доранд.

Аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул пул сохта мешавад

Айни замон,-афзуд Аловиддин Аноятшоев,- ҷиҳати татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод», ки аз 3 баста иборат аст, танҳо дар бастаи 2 ширкати машваратчӣ интихоб гардида, дар бастаҳои 1 ва 3 интихоби машваратчӣ ва пудратчӣ идома дорад. Дар лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар, қитъаи Қизилқалъа — Бохтар низ ширкати машваратчӣ интихоб гардида, интихоби пудратчӣ бинобар сабаби пандемияи СОVID-19 ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд. Бо дахли сохтмону таҷдиди роҳҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат Аловиддин Аноятшоев гуфт, ки барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон, Лаби Ҷар-Қалъаихумб, Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, Бохтар-Данғара-Гулистон, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва лоиҳаҳои рушди Роҳҳои Алоқа дар Осиёи Марказӣ-РАОМ-4 ва РАОМ-5, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор, лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, равшанидиҳӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунии нақби «Истиқлол» ва дигар лоиҳаҳо корбарӣ бо шарикони рушд идома дорад. Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1488 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки аз ин 1275 нафар ё 85,7 фоизро  коргарони маҳаллӣ -шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар радифи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, иҷрои корҳои сохтмони асосӣ аз ҳисоби маблағҷудокунии буҷети ҷумҳуриявӣ вусъат ёфта, ба ин мақсад дар ин давра ба маблағи 398,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Дар доираи ин маблағҷудокуниҳо таҷдиду барқарорсозии 217,5 км роҳ, сохтмону барқарорсозии 104 пул бо дарозии 3081,9 метр, барқарорсозии  4  қубур бо дарозии 133 метр, барқарорсозии 1425 метр саддаи соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин сохтмони 6 бинои хизматӣ ва маъмурӣ ва дигар корҳои марбута анҷом дода шудаанд.

Харидории 601 адад техникаю таҷҳизоти муосири пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ

Вобаста ба рушди сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард ва иншооти он, маблағҷудокунии буҷавӣ барои нигоҳдории роҳҳо ҷиҳати таъмини ҳаракати пайваста ва бехатари воситаҳои нақлиёт низ дар ин давра тамоюли пайвастаи рушд касб намудааст. Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди истифодаи умумии дар тавозуни Вазорат қарордошта, дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз соли 1992-ум то имсол 778,6 миллион сомонӣ, аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 95 миллион сомонӣ ҷудо ва истифода шудааст.

Тайи ин солҳо бо дастгирӣ ва ғамхории ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ намудани лоиҳаҳои  инвеститсионӣ ва инчунин маблағгузориҳои буҷавӣ, иқтидорҳои техникии соҳаи нигоҳдорӣ мустаҳкам гардида, арсаи техникии  муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо куллан нав шуд. Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард 601 адад техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардидаанд, ки зиёда аз 37,3 фоизро техникаю таҷҳизоти дар мувозинаи муассисаҳо қарордошта ташкил медиҳад.

Асфалт ва шағалпӯшкунонии 9911,3 км роҳ ва таъмиру барқарорсозии 1573 адад пул аз сӯи соҳибкорон ва аҳли ҷамоат

Дар ин давра вобаста ба ҳамовозӣ намудан ба иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки васеъ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии роҳҳою пулҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ, аҳли ҷамоат ва шахсони саховатпеша барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва иншооти он ба маблағи зиёда аз 379,0 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Дар маҷмӯъ бо истифодаи маблағгузорӣ аз ҳама манбаъҳо асфалтпӯш ва шағалпӯшкунонии зиёда аз 9911,3 км роҳҳо ва таъмиру барқарорсозии 1573 адад пулҳои хурду миёна анҷом дода шудааст.

Дар натиҷаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард дар 29 соли охир нишондиҳандаҳои ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ бо ҳама намудҳои нақлиёт соли 2019 нисбат ба солҳои 1991 ва 2000 боркашонӣ 0,3 фоиз ва 2,9 маротиба, мусофирбарӣ 44,5 фоиз ва 4,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали ҳадафи стратегии рушди мамлакат- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар мамлакат бунёд гардидани шабакаҳои воҳид ва таъминкунандаи равобити нақлиёти дохилӣ ва баромадан ба кишварҳои ҳаммарз, нишондиҳандаҳои асосии  хизматрасониҳои нақлиётӣ тадриҷан густариш ёфта, тамоюли пайвастаи рушд касб намудаанд.

Дар ду соли охир дар Душанбе ду эстакада ба истифода дода шуд

Рӯзи роҳсозон дар Тоҷикистон дар мавриде таҷлил мешавад, ки моҳи июли имсол дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ эстакада ба истифода дода шуд.

Ин эстакада дар доираи лоиҳа корҳои навсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардида, дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ 68 метр буда, то дарвозаи ғарбии пойтахт 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд шуд. Сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки он барои рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, танбашавии мошинҳоро аз байн мебарад. Чунин роҳҳои чандқабата-эстакада, ки  бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешаванд, ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамоянд.

Тоҷикистон ба давлати воҳид  ва транзитӣ табдил мегардад

Лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуда, фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати «Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп»-и Чин аст. Сифати корҳоро дар ин лоиҳа ширкати машваратии «Эптиса»-и Испания назорат намуд, ки корҳои сохтмонӣ мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Мавриди зикр аст, ки ду сол муқаддам дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада ба истифода дода шуда буд. Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ  ва табдил додани Тоҷикистон  ба давлати воҳид ва транзитӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2020 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид