Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар синни 75 аз олам даргузашт

Октябрь 10, 2020 08:16

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев дар синни 75 аз олам даргузашт.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев 30 сентябри соли 1945 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар соли 1954 ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар соли 1980 мебошад.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев баъди хатми Омӯзишгоҳ дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хидмат намудааст. Сипас  солҳои 1964—1967 ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) фаъолият намудааст. Соли 1975 ба Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омада, то дами  вопасин  он ҷо фаъолият дошт.

Мавсуф ҳунарпешаи театр ва кино буда, соли  1994 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2001 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар саҳна бо маҳорати хоссаи ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев  дар рушди санъати тоҷик саҳми баарзиш гузоштааст.

Октябрь 10, 2020 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»