ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд қариб 10 ҳазор иншоот бунёд ва таҷдид мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд ва таҷдиди қариб 10 ҳазор иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Соли равон бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 1376 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 72,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра қариб 5394 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 75,0 фоиз иҷро шудааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта фаъолияти мунтазам ба роҳ монда шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра дар ҳаҷми 930,8 млн. сомонӣ аз худ шуд ва ба маблағи 329,6 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд. Ҳамагӣ ба маблағи 673,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 1,7 баробар таъмин карда шуд.
Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 317,6 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 9,2 ҳазор метри мураббаъ кам мебошад. Ҳамзамон 620 ҷойи нишаст барои талабагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 150 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 180 кат дар шифохонаҳо бо иқтидори иловагӣ ба истифода дода шуданд.








Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд






