Аввали моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳафтаи франкофония баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 8 ноябр ҳафтаи Франкофония баргузор мешавад, хабар медиҳад маркази фарҳангии «Бохтар».
Ҳафтаи забони франсузӣ ва франкофония соли 1995 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иртибототи Франсия таъсис ёфтааст. «Ҳар сол мутобиқи анъана, он 20 март, дар Рӯзи байналмилалии франкофония оғоз мешавад. Имсол бинобар вазъи вобаста ба COVID-19 чорабиниҳои ба ин муносибат пешбинишуда ногузир мавқуф гузошта шуданд ва шакли онҳо низ тағйир дода шуд», — зикр мекунад манбаъ.
Давоми ин ҳафта дар Франсия ва дар тамоми кишварҳое, ки бо забони франсузӣ ҳарф мезананд, барномаҳои гуногун ташкил мешаванд: озмунҳо дар байни донишҷӯён барои донистани забони франсузӣ, намоишҳои театрӣ аз рӯи асарҳои муаллифони франсузӣ, консертҳо, баромадҳои донишҷӯёне, ки забони франсузиро меомӯзанд ва ғайра.
Ин барномаҳо ба оммаи васеъ имкон медиҳанд, ки забони франсузиро, ки дар фазои умумии фарҳангӣ барои ҳамаи франкофонҳо ва дӯстдорони забони франсузӣ ҳалқаи васлкунанда мебошад, ҷашн гиранд.








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






