Бонки миллӣ ва БАТР беш аз 500 корманди низоми бонкиро ба омӯзиш фаро гирифтанд

Октябрь 28, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон даври навбатии машғулияти омӯзишии фосилавӣ дар ҳамбастагӣ ва иқдоми  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои  кормандони низоми бонкии мамлакат  доир гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, машғулияти омӯзишӣ дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР роҳандозӣ гардида, зимни он бартарияти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо мавриди омӯзиши беш аз 500 нафар намояндагони низоми бонкӣ қарор гирифт.

«Ҳамкории минбаъдаи БАТР бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфта, дар оянда самтҳои гуногун ва фарохро фаро хоҳад гирифт»,- гуфт муовини директори департаменти БАТР оид ба кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки БМТ дар ҳамкорӣ бо БАТР барои дастгирии бахши молиявии мамлакат якчанд лоиҳаи  муҳим амалӣ намуд, ки ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҳамин қабил аст.

Давраи омӯзишии фосилавӣ яке аз қисматҳои барномаи «Дастгирии маблағгузории савдо» буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар давраи омӯзишӣ роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова гуфт, ки Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР омода аст барои рушду нумӯи низоми бонкӣ ва маблағгузории савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои омӯзиширо бештар роҳандозӣ намуда, доираи шунавандагони онро зиёд намояд ва талошҳои якҷояи мо бо Бонки миллӣ тавонанд ба  рушди низоми молия саҳми арзанда дошта бошанд.

«Пандемияи COVID-19 моро барои мутобиқ шудан ба шароити гуногуни корӣ, идома додани фаъолият дар ҳамкорӣ баҳри пешрафти низоми молия, истифода намудани имконоти муосир, аз ҷумла кор дар фосила ва беш аз ҳама, омӯзиши фосилавӣ раҳнамун сохт. Маҳз дар доираи чунин имконоти муосир дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР мо қаблан тавонистем дар марҳилаи аввали таҳсил 200 нафарро ба омӯзиш фаро гирем ва имрӯз беш аз 500 нафар кормандони ташкилоти қарзӣ дар омӯзиши фосилавӣ ширкат варзида, тахассуси худро дар самти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо такмил хоҳанд дод»,- афзуд роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

Намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ омӯзиши фосилавиро бомуваффақият хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ «GoingGlobal» мегарданд.

Дар машғулият мутахассиси варзидаи молиявӣ (БАТР) Виталий Кисленко дар мавзӯи бартарияти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо рӯнамоии худро манзури иштирокдорон  гардонид. Инчунин оид ба пешгӯии Палатаи савдои байналмилалӣ дар мавриди таъсири пандемияи COVID-19 ба бозори ҷаҳонии молиявии савдо, усулҳои пардохт дар савдои байналмилалӣ  ва нақши амалиёти ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои байналмилалии «Интеркомс 2020», афзалият барои кам кардани хавфҳо ва имкони гирифтани қарзи ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла интихоби маблағгузории рақобатпазир аз бонкҳои байналмилалӣ бо фоизи паст, намудҳои кафолати бонкӣ, мақсад ва бартарии онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

Ба иштирокдорони машғулият оид ба марҳилаҳои мубодилаи дороиҳо ва истифодаи дурусти фишангҳои маблағгузории савдо бо ҳавасмандкунӣ дар асоси шартҳои созишномаи тиҷоратии иқтисоди хориҷӣ, фарқияти байни шартҳои қарз ва фишангҳои маблағгузории савдо, аккредитивҳои байналмилалӣ ва кафолат, ҳудуд ва бартарияти шартномаҳо, тавсияҳои ниҳоӣ оид ба рушд ва истифодаи имконоти  Барномаи муосидат ва рушди савдои БАТР фаҳмонида дода шуд. Машғулияти омӯзишии фосилавӣ барои мутахассисони низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (фронт-офисҳо), кор бо хавфҳои бонкӣ, аз ҷумла назорати асъорӣ, сохторҳои қарзӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Октябрь 28, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара дар 27 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 141,7 фоиз зиёд аст
Дар семоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ боз мондааст
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст»
Ҳайати Бонки чаҳонӣ ҳолати кунунии татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4-ро таҳлил менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар самти муросилоти почта тақвият медиҳанд
Стратегияи нав ва чаҳорчӯби сармоявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қабул карда шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 сармояи мустақими хориҷӣ дар вилояти Хатлон умуман ба қайд гирифта нашудааст»
Дар Душанбе ва Хуҷанд даврҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ оғоз шуданд
Тавсеаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо «Numisma Bank»-и Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи «CASA-1000» баргузор гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1290 то 0.1250 сомонӣ муқаррар шудааст