Бозиҳои Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо ғалабаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал 12 даста иштирок карданд ва дар ду марҳила ҳар даста 22 бозӣ анҷом дод. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз 22 бозӣ бо 51 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд шуд, ки 49 хол ба даст овард. Медалҳои биринҷӣ бо 41 хол насиби дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ гардид. Воқеан, дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар мавсими соли 2021 дар Лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум
«Барқчӣ» – «Саройкамар» – 4:0
Голҳо: Муҳаммад Буризод, 20 (1:0). Файзиддин Назаров, 51 (2:0). Муҳаммадҷон Ризомов, 55 (3:0). Муҳаммад Буризод, 56 (4:0).
Аз майдон хориҷ шуд: Билолиддин Исматуллоев («Саройкамар»), 68 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозингари дидор: Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).
«Ҳосилот» – «Ваҳдат» – 2:0
Голҳо: Нурулло Маҳмудов, 70 – аз пеналтӣ (1:0). Муҳаммад Шерзода, 80 (2:0).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» – 4:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 67 (1:0). Ҳасан Рустамов, 80 (2:0). Аваз Қамчинов, 82 (2:1). Умед Бадалов, 86 (3:1). Сафаралӣ Каримов, 87 (4:1). Аваз Қамчинов, 89 – аз пеналтӣ (4:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).
«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод) – 3:3
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 7 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (2:0). Бахтиёр Зарипов, 39 (3:0). Баҳровар Ҳалимов, 42 – аз пеналтӣ (3:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 82 (3:2). Дилшод Тағоев, 90+4 (3:3).
Беҳтарин бозингари рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).
«Панҷшер» – «Исфара» – 10:1
Голҳо: Саидакбар Юнусов, 2 (1:0). Саидакбар Юнусов, 15 (2:0). Шоҳин Ҷалилов, 22 – аз пеналтӣ (3:0). Хушбахт Назиров, 27 (3:1). Қиматшо Муъминшоев, 53 (4:1). Абдухалил Боронов, 57 (5:1). Саидакбар Юнусов, 60 (6:1). Қурбон Сайфиддинов, 61 (7:1). Хушбахт Миров, 69 (8:1). Сорбон Қурбонов, 84 (9:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 90 – аз пеналтӣ (10:1).
Беҳтарин бозингари сабқат: Абдухалил Боронов («Панҷшер»).
«Эсхата» – «Шоҳмансур» – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии чемпионат
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Равшан»(Кӯлоб) | 22 | 17 | 0 | 5 | 72-38 | 51 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 22 | 16 | 1 | 5 | 59-32 | 49 |
| 3 | «Панҷшер»(Балхӣ) | 22 | 12 | 5 | 5 | 63-27 | 41 |
| 4 | «Равшан»(Зафаробод) | 22 | 11 | 6 | 5 | 47-28 | 39 |
| 5 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 22 | 11 | 3 | 8 | 42-36 | 36 |
| 6 | «Моҳир» (Ёвон) | 22 | 9 | 4 | 9 | 50-63 | 31 |
| 7 | «Ҳосилот» (Фархор) | 22 | 9 | 3 | 10 | 38-39 | 30 |
| 8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 22 | 9 | 1 | 12 | 40-39 | 28 |
| 9 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 22 | 7 | 5 | 10 | 48-40 | 26 |
| 10 | «Саройкамар»(Панҷ) | 22 | 7 | 5 | 10 | 42-49 | 26 |
| 11 | «Исфара» (Исфара) | 22 | 6 | 1 | 15 | 30-63 | 19 |
| 12 | «Шоҳмансур»(Душанбе) | 22 | 0 | 2 | 20 | 13-90 | 2 |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад






