COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10097 нафар расид

Октябрь 8, 2020 18:36

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 8 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10097 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8914  ё худ 88,2%-и гирифторон шифо ёфта, 78 нафар вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 60 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 38 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Октябрь 8, 2020 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар бораи ваксиназанӣ бар зидди сирояти нави коронавирус мо бояд чиро донем?
Наврӯз Ҷафаров: «Ман худро ваксина кардам, шумо низ ваксина гирифта, аз беморӣ эмин монед!»
COVID-19. Дар Тоҷикистон 75 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ 50 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна» равон намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
СҶТ БОЗ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ МУБОРИЗАИ МУВАФФАҚОНА БО ТАМОКУКАШӢ СИТОИШ КАРД. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии сигорҳои электронӣ тадбир андешанд
COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид
Дар шаҳру ноҳияҳҳои Тоҷикистон эмгузаронӣ бо истифода аз ваксинаи «Мoderna»-и ИМА оғоз шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 81 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Маводҳои таҳлилӣ