Дар аксияи «Соҳили тоза» садҳо тан аз сокинони Бадахшон ширкат намуданд

Октябрь 27, 2020 09:47

ХОРУҒ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 100 нафар  кормандони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз атрофи  соҳили дарёи Панҷро аз партову ахлот пок намуданд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев гуфт, ки “бо фарорасии фасли сармо мавсими боронгарӣ ва боду шамол оғоз мешавад ва ҳамаи ин партову ахолотро ба дарёи Панҷ меандозад. Аз ин на танҳо ҷонварони зериобӣ зарар мебинанд, балки ба саломатии одамоне, ки дар поёноби дарё зиндагӣ мекунанд, низ осеб мерасад. Мутобиқи омори расмӣ қад-қади соҳили дарёи Панҷ бештар аз чор миллион сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ  сукунат доранд ва як қисмашон бевоситаву қисми дигар тавассути насосҳои обкаш ин обро истеъмол мекунанд. Воқеан оби дарё хеле поку ширин аст, зеро саргаҳи он аз пиряхҳои беғубор маншаъ мегирад ва маскунони болооб дар тоза нигоҳ доштани оби дарё масъул ҳастанд”.

Ба гуфтаи сардори хоҷагии ҷангали вилоят Назрӣ Назриев, “ин маърака ҳамасола дар остонаи фасли зимистон, то боридани барф ҳафтае як маротиба баргузор мешавад. Дар он толибилмону донишҷӯён ва кормандони идораву муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ ширкат меварзанд.  Дар фасли тобистон баъзе аз сокинон ба соҳили ин дарё меоянд, дастурхон ороста мекунанд, дам мегиранд, аммо пас аз дамгирӣ ҳар гуна ахлот, асосан бастаҳои полиэтиленӣ, шишаҳои пластикӣ, пучоқи меваҷот ва амсоли инҳоро партофта мераванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маърифати экологии баъзе аз сокинон ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ нарасидааст. Агар онҳо пас аз дамгирӣ ҳамаи ин партовро ҷамъ карда, ба ҷои зарурӣ интиқол медоданд, ҳоҷат ба саргардон кардани садҳо нафар пеш намеомад. Агар ин  ҷавонон неруи худро ба кори дигари ҷамъиятӣ сарф менамуданд, беҳтар буд”.

Аз Раёсати муҳити зисти вилоят хабар доданд, ки ҳафтаи гузашта аксияи «Соҳили тоза» аз ноҳияи дурдасти Мурғоб то ноҳияҳои поёнии вилоят- Ванҷу Дарвоз роҳандозӣ гардид.

Октябрь 27, 2020 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд