Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода доир гардид

Октябрь 27, 2020 15:05

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар толори бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф- омили муҳими тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар кишвар» доир гардид. 

Дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор  Раҳмонзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва дигарон иштирок карда, сухан гуфтанд.

Дар маърўзаҳо зикр гардид, ки таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки маҳз таваҷҷуҳ ба илму маърифат, хосса ба илмҳои техникиву риёзӣ онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ пешрав гардонидааст ва имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Бо назардошти муҳимияти масъала ва бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2019  солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид. Тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд, дар марҳилаи навбатии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебояд ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо вобастагии зич дорад.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки 18 марти соли равон  дар мулоқот бо зиёиёни  мамлакат Сарвари давлат андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён карда, ба вазорату идораҳои дахлдор супоришу вазифаҳои  мушаххас доданд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур инчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ,  ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва коршиносони мустақил ширкат варзида, иброз намуданд, ки ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ саҳм мегузорад.

Октябрь 27, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон скутерҳо ба қайд гирифта шуда, бо рақами давлатӣ таъмин карда мешаванд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ТИКА баррасӣ гардид
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 17 то 20 январ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад
ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?