Дар ноҳияи Ҷайҳун навсозии боғи муосири фарҳангӣ — фароғатӣ дар арафаи анҷомёбист

Октябрь 27, 2020 11:43

БОХТАР, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  27 октябр аз ноҳияи Ҷайҳун боздид кард ва дар он ҷо бо ҷараёни навсозии боғи фарҳангию фароғатӣ шинос шуд, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Навсозии боғ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, то ин замон аксари корҳо аллакай анҷом ёфтаанд.

Дар қисматҳои гуногуни боғ, дар майдони 1,05 гектар беш аз 5 ҳазор ниҳоли садбарги голландӣ, 500 гули мавсимӣ, 500 буттаи савсани ҳиндӣ, 800 ниҳоли дарахти ҳамешасабз ва 200 сафедор шинонда шудаанд.

Барои обёрии боғ як обанбор бо ҳаҷми 80 метри мукааб  таъмиру омода  гардида, дар қисми ғарбии он ҳавз бунёд ёфтааст.

Дар боғ муҷассамаи шоири тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохта, атрофи он сабзазор  карда шудааст.

Моҳи марти соли 2020 барқарорсозии фаввораҳои он бо чароғҳои рангоранг ва насби 9 аттраксион пурра ба анҷом расид.

Дар айни замон дар боғ 25 курсӣ ва 9 муҷассамаи хурди меъморӣ насб шудаанд.

Дар қисми шарқии боғ гулгашти қаҳрамонҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буда, дар он ҷо расмҳои онҳо гузошта шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Паймонаи Заррин» маблағгузорӣ ва иҷро шудаанд.

Октябрь 27, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд