Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ пул бо дарозии 20 метр сохта мешавад

Октябрь 27, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ҳосилоти шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон  пул бо дарозии 20 метр ва бари 8,4 метр сохта мешавад.

Тавре роҳбари сохтмон Абдусалом Аминов ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, пули мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби ширкати туркии «GARANTIALSAT GAYRIMANKUL YATIRIM A.S»  бунёд мегардад.

Мавсуф зикр кард, ки «сохтмони пул то аввали соли 2021 ба итмом мерасад. Дар айни замон кор тибқи ҷадвал идома дорад. Ҳар рӯз сокинони даҳ маҳаллаи ҷамоати деҳа омада, дар сохтмони иншоот саҳм мегузоранд. Ҳамаи кумаккунандагон бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд».

Бояд гуфт, ки пули кӯҳна солҳои дароз дар ҳолати харобӣ қарор дошт. Сохтмони пули нав ба сокинон имкон медиҳад, ки бидуни мушкил ба дигар минтақаҳо  сафар  кунанд.

Октябрь 27, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд