Дар шаҳри Гулистон беш аз 12 километр роҳҳои дохилии мошингард мумфарш гардиданд

Октябрь 29, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон то ба имрӯз беш аз 12 километр роҳҳои  дохилии мошингард мумфарш гардида, беш аз 34 километр шоҳроҳи Хуҷанд-Адрасмон аз таъмир бароварда шуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯз то рӯз густариш ёфта,​ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва саховатмандон​ ​ роҳҳои дохилии шаҳрак марҳила ба марҳила таъмири асосиву мумфарш гардида истодаанд.

Сокинони шаҳри Гулистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлати саҳм гузошта, тариқи ҳашар   роҳҳоро мумфарш карда истодаанд. Бо ташаббуси сокинон роҳи яке аз маҳаллаҳои калонтарин ва навбунёди шаҳраки Адрасмон – маҳаллаи Боғот ба тариқи ҳашар​ дар масофаи беш аз як километр мумфарш карда шуд.

Октябрь 29, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд