Дар Суғд бори аввал Ҳафтаи илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон ҷараён дорад

Октябрь 29, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз 26 то 31 октябри соли равон дар вилояти Суғд бори аввал Ҳафтаи​ илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон гузаронида мешавад.

Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии вилоят иброз доштанд, ки дар доираи Ҳафтаи​ илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон​ ташкили озмунҳои вилоятии «Беҳтарин кори илмӣ-таҳқиқотӣ аз фанҳои дақиқ», ​ «Тирамоҳи заррин», «54-умин Олимпиадаи техникони наврас», «Олимпиадаи робототехника ва барномасозӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нави лаёқатманд ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари кӯдакон ва наврасон ба рушди фанҳои дақиқ мебошад.

Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ баргузории силсиламулоқот​ ва конференсияи илмӣ дар мавзӯи​ «Рушди фанҳои дақиқ — тақозои замон» дар назар аст.

 

Октябрь 29, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»