Дар Тоҷикистон боз як бонки нав — «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият шуруъ кард

Октябрь 24, 2020 10:34

ДУШАНБЕ, 24.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон боз як бонки нав – «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин росто, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед  Нурмаҳмадзода ба Раиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома супорид. Бонки мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таъсис дода шудааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Раиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи кишвар, таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсолоти воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти кишвар  изҳори боварӣ кард.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба роҳбари боз як Бонки навтаъсис дар кишвар барои фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳои дар пешгузошта ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва сазовор гардидан ба боварии Сарвари давлат муваффақият орзу намуда, омодагии хешро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷониба  баён дошт.

Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019) ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» табдил дода шуда, ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ мебошад.

АКСҲО аз БМТ

 

Октябрь 24, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4958 то 9.5400 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1215 то 0.1236 сомонӣ муқаррар шудааст