Футбол. «Эсхата»-и Хуҷанд ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт

Октябрь 15, 2020 08:21

ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  дастаҳои футболи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Лигаи якуми мамлакатро баргузор намуданд. Вохӯрии дастаҳо  дар варзишгоҳи Спартаки шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон хотима ёфт. Бо ин пирӯзӣ дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ҷадвали умумии мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намуда, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муборизаи дастаҳо дар ду даври боқимонда барои дарёфти медалҳои тилло идома меёбад.

Хотиррасон мешавем, ки дар ин рақобат  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо ҳайати дуюмаш вориди майдон гардид, зеро таваҷҷуҳи асосии даста ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор  баргузор мешавад, равона шудааст.

Мусобиқаи Лигаи аввали  футболи Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Шоҳмансур» – «Ҳосилот» – 1:4

Голҳо: Хайрулло Азизов, 10 (0:1). Нурулло Маҳмудов, 31 – аз пеналтӣ (0:2). Комрон Салимов, 35 (0:3). Амриддин Раҳимов, 43 (1:3). Хайрулло Азизов, 77 (1:4).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ : Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).

«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 12 (0:1). Наврӯз Рустамов, 67 (0:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан», Кӯлоб).

«Ҳулбук» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Аваз Камчинов, 45 – аз пеналтӣ.

 Беҳтарин бозингари  сабқат: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).

«Саройкамар» – «Моҳир» – 2:2

Голҳо: Акмалҷон Авазов, 42 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 51 (2:0). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 53 (2:1). Дилшод Тағоев, 86 (2:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер» – 3:0

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 19 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 29 (2:0). Хурсандмурод Ҷумъаев, 43 – аз пеналтӣ (3:0).

Беҳтарин бозингари  рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробод).

«Исфара» – «Эсхата» – 1:4

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 13 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 22 (0:2). Мубинҷон Муъминов, 35 – аз пеналтӣ (0:3). Ҷӯрабой Исоев, 68 (0:4). Суҳробҷон Сабуров, 76 (1:4).

Беҳтарин бозингари  вохӯрӣ : Мубинҷон Муъминов («Эсхата»)

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум

Даври мавқуфмондаи 16-ум

«Эсхата» – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:0

Голҳо: Мубинҷон Муминов, 66 (1:0). Боҳирҷон Сангинбоев, 68 (2:0). Амирҷон Раҳимов, 82 (3:0).

 Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И

 

1 «Равшан» (Кӯлоб) 20 16 0 4 68-34 48
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 20 14 1 5 54-31 43
3 «Панджшер» ( Ҷалолиддин Балхи) 20 10 5 5 49-26 35
4 «Равшан» (Зафарабад) 20 10 5 5 41-25 35
5 « Ҳулбук» (Восеъ) 20 10 3 7 37-31 33
6 «Ҳосилот» (Фархор) 20 8 3 9 35-36 27
7 «Моҳир» (Ёвон) 20 8 3 9 46-60 27
8 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 20 7 5 8 47-36 26
9 «Барҳчи» ( Ҳисор) 20 8 1 11 36-38 25
10 «Саройкамар» (Панҷ) 20 6 5 9 40-45 23
11 «Исфара» (Исфара) 20 6 1 13 29-50 19
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 20 0 2 18 13-83 2

 

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 26 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 20 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ.

 Мусобиқаи Лигаи аввали  футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум

20 октябр

 «Барқчӣ» – «Саройкамар»

«Ҳосилот» – «Ваҳдат»

21 октябр 

 «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳ улбук»

«Моҳир» – «Равшан» (Зафарабад)

«Эсхата» – «Шоҳмансур»

«Панҷшер» – «Исфара»

Мусобиқаи Лигаи аввали  футболи Тоҷикистон. Даври 22-ум

«Равшан» (Зафарабад) – «Исфара»

«Шоҳмансур» – «Панҷшер»

«Ваҳдат» – «Эсхата»

« Ҳулбук» – «Ҳосилот»

«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Моҳир» – «Барқчӣ»

Октябрь 15, 2020 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид