ХУДРО ДАР ТАЪРИХ САБТ НАМО! Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид

Октябрь 1, 2020 08:48

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз соати 8-и субҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими  сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки он то 15 октябри соли равон идома меёбад.

Тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Интернет-пурсиш ва ба воситаи планшет сурат мегирад. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мақомоти омори давлатӣ аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода менамоянд.

Сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омор Ворис Муродзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо беш аз 3500 планшет, ки дар он барномаи махсус барои гузаронидани ин маърака насб карда шудааст, истифода мешавад. Тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 30% аҳолии мамлакат бо истифода аз планшет аз рӯйхат гузаронида мешавад.

Барои беҳтар намудани сатҳу сифати корбарӣ аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои мамлакат компютерҳои замонавӣ, ноутбукҳо, принтер, факс ва инчунин мебелҳои замонавӣ-мизи корӣ, ҷевон, курсӣ, роҳаткурсӣ ва маҷмӯи дигари таҷҳизот дастрас карда шуданд.

Барои гузаронидани ин маърака  кормандони муваққатӣ аз ҳисоби шахсони соҳибмаълумоти муваққатан бекор, кормандони соҳаи маориф, тиб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ки дар корҳои гузаронидани интихобот иштирок кардаанд, маҳалро хуб медонанд, аҳолии маҳали ба онҳо вобастаро мешиносанд ва бо аҳолӣ муошират карда метавонанд, ҷалб шудаанд.

Дар маҷмӯъ барои гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 27 ҳазору 500 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб гардидаанд.

Натиҷаҳои аввали барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷамъбаст ва нашр хоҳанд шуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим доранд.

Октябрь 1, 2020 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд