ИМРӮЗ – РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Беш аз 60 фисади аҳолии Тоҷикистон ба ин соҳа машғул буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо мегузоранд
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ҳамасола дар мамлакат 8 октябр Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад. Дар фасли тирамоҳ ҷашн гирифтани ин сана бесабаб нест, зеро бо расидани ин мавсим марди деҳқон ба ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парваридааш оғоз мекунад.
Аз ҷумла, дар фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ҷашни «Меҳргон», ки яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
Мояи ифтихор аст, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷашни ниёкони мо «Меҳргон» эҳёи дубора пайдо кард ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 он дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ таҷлил карда мешавад. Имсол ҷашни Меҳргон, ки ба 18 октябр рост омадааст , дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Рӯзи кишоварзон ва Фестивали шолию биринҷ доир мегардад. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муносибати Рӯзи кишоварзон бо мутахассисон ва коршиносони соҳа дар ин мавзӯъ суҳбат намуд. Дар Вазорати кишоварзии мамлакат ба ӯ иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумоти гумрукӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 24 сентябри соли равон аз ҷумҳурӣ 87090 тонна сабзавот, 11156 тонна меваҷот, 95 тонна тарбузу харбуза, 14270 тонна меваи хушку чормағзмева ва 118 тонна дигар намуди маҳсулот, дар маҷмӯъ 112729 тонна маҳсулот содирот шудааст. Бахусус, содироти пиёз 84911 тонна ё 149,4 фоиз, дигар сабзавот 1914 тонна, ангур 3717 тонна, меваи ситрусӣ 229 тонна ё 322,5 фоиз зиёд гардидааст. Аз маълумотҳои болоӣ бармеояд, ки талаботи бозори хориҷӣ бештар ба маҳсулотҳои кишоварзии ватании мо аз қабили — меваи хушк ва чормағзмева, ангур, меваҷот ва пиёз зиёд мебошад.
Аснои суҳбат директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз дошт, ки «беш аз 60 фисади аҳолӣ маҳз дар соҳаи кишоварзӣ машғули кор мебошанд. Тайи солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардид, ки мақсади асосии он рушди соҳаҳои гуногун, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина, таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Кишоварзон дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ сармашқи кори худ қарор дода, на танҳо оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин месозанд, балки маҳсулоти зиёдатии худро ба бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд, ки ин ба афзудани даромади молиявии хонаводаи онҳо мусоидат менамояд».
Ҳамсуҳбати дигари мо — сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров зикр намуд, ки «имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои марди деҳқон соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мавқеи асосӣ дорад. Яке аз ҳадафҳои чоргонаи стратегӣ таъмини амнияти озуқавории мамлакат аст, ки иҷрои он бар дӯши кишоварзон гузошта шудааст. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзист. Агар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии соли равонро бо соли 1991 натиҷагирӣ намоем, ғалладонагиҳо 1 млн 123 ҳазор тонна, картошка 813 ҳазор, сабзавот 1 млн 554 ҳазор тонна, полезӣ 526 ҳазор тонна, мева 297 ҳазор тонна, ангур 126 ҳазор тонна, гӯшт 66,4 ҳазор тонна, шир 413 ҳазор тонна, асал 3622 тонна ва тухм 271, 3 млн дона зиёд гардидааст, ки ин дастоварди назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби кишоварзон мебошад. Инчунин дар ин давра ҳосилнокии зироати кишоварзӣ афзоиш ёфта, ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат замина гузошт»,- таъкид намуд номбурда.
Ба гуфтаи Баҳодур Назаров, яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ — ин боғу токпарварӣ мебошад, ки дар мамлакат масоҳати он ба 199 ҳазор гектар расонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 109,7 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар асоси тавсияҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони мамлакат рӯҳбаланд гардида, ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои корам ва корами обӣ, инчунин гирифтани ду-се ҳосил аз як замин талош намуда истодаанд. Солҳои гузашта баъд аз гирифтани кишти асосӣ заминҳо бекор мемонданд, имрӯз дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишти такрории зиёда аз 185 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки барои гирифтани ҳосили дуюм ва сеюм замина мегузорад.
Имсол ҳамчунин дар хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат кишти такрории картошка ва шолӣ ба роҳ мондаанд, ки он ба ҳосили асосии як зироати дигар зам гардида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ замина мегузорад.
Баҳодур Назаров ҳамчунин зикр намуд, ки бо истифода аз самаранокии заминҳои корам шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда дар мамлакат зиёд гардида истодааст, ки ин ба канда нашудани занҷираи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ хеле мусоидат намуд. Имрӯзҳо тавассути ба роҳ мондани парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимамалкунандаи мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ болоравии нархи сабзавоти барвақтӣ дар бозорҳо нигоҳ дошта мешавад.
Вазорати кишоварзии мамлакат барои ҳавасманд намудани марди деҳқон ва омӯхтани таҷрибаи якдигар силсилабарномаҳо ва семинарҳои тавсиявӣ доир менамояд. Инчунин дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъмин бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳоло барои кишоварзон дар асосии талаботи қонунгузори мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, то бо дилу гарм ва меҳнати софдилона ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул шаванд ва амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоянд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»